Дар як сатр
» » «Арал» ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

«Арал» ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

23-02-2019, 13:00

Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуда, иттилоъ дод, ки соли 2018 қисми даромади буҷети давлатии  ноҳия иҷро гардидааст.

Иҷроиши нақша ба он мусоидат намудааст, ки таъмини қисми хароҷот  нисбати соли пешин зиёд бошад. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумӣ ба 793,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 17,3 млн сомонӣ зиёд,  ё ин, ки 3,6 фоиз афзоиш ёфта, ба ҳар як нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2898 сомонӣ рост меояд.

Дар соли 2018-ум 1428 нафар шаҳрвандони бекор ба қайд гирифта шуда, бо дархосту талаботи  корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю  хоҷагиҳо 812 нафар ба ҷойи  кори доимӣ таъмин карда  шуданд.  Қайд кардан ба маврид аст, ки дар  ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 14 иншооти маъмурӣ, хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 72 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.  

Раиси ноҳия, ҳамчунин, аз бурду бохти кишоварзон ва дигар соҳоти хоҷагии халқ маълумот дода, бо хурсандӣ изҳор дошт, ки варзишгарони ноҳия дар 11 мусобиқаи ҷумҳуриявию вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби  29 медал, аз ҷумла,  8 медали тилло, 5 нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 1 медали тилло шуданд. Тими футболбозони ноҳия бошад, дар даври минтақавӣ ғолибият ба даст оварда, имкон пайдо намуд, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намояд.

Намояндагони васоити ахбори омма дар охири нишасти матбуотӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

И. ҳасанов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

51 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо
6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
9409  ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

9409 ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА