Дар як сатр
» » Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

25-02-2019, 10:56

Варзишгарони вилояти Хатлон дар 97 мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 3 ҳазору 280 нафар ва аз ин шумора 577 нафар бонувон ширкат варзида, сазовори 551 медали тилло, 541 медали нуқра, 791 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, дар 35 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 31 медали тилло, 23 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар соли 2018-ум 1 маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Вахш, 54 майдончаи футбол, волейбол ва баскетбол дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Ёвон, Норак, Муъминобод, Кӯшониён, Восеъ, Фархор, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Левакант, Ш. Шоҳин, Данғара, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Ҷ. Балхӣ, Н. Хусрав, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритӯс ва Панҷ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, 27 толор ва 113 майдончаи варзишӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар марказҳои фарҳангии ҷавонони ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминобод бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ноҳияи Хуросон бо мусоидати Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки шумораи умумии ҷавонон дар вилоят 1 миллиону 83 ҳазору 8 нафар буда, нисбат ба соли 2017-ум 2 ҳазору 2 нафар зиёд мебошад.

-Имрӯз дар вилоят 455 ҳазору 146 нафар ҷавонон машғули таҳсиланд, - зикр кард Ф. Абдуллоева. – Аз ин ҳисоб, барандагони стипендияи Президентӣ 145 нафар, аз ҷумла 81 нафар духтар, гирандагони стипендияи раиси вилоят 33 нафар, гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо 398 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда дар соли таҳсили 2018-2019-ум ба 1 ҳазору 313 нафар расидааст.

«Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонон дар давоми соли 2018-ум 3 ҳазору 141 нафарро ташкил менамояд. Аз ин шумора 1 ҳазору 572 нафар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1569 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ин ҷумла 296 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи хизмати давлатӣ мебошанд», - афзуд сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода шуд, ки вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон боиси ташвиш буда, дар соли 2018-ум 1 ҳазору 303 ҷиноят содир шудааст. Инчунин, мубталогаштагони сироятии ВНМО дар вилоят 262 нафар, тибқи маълумоти Маркази бемориҳои нашъамандии вилояти Хатлон мубталогаштагони нашъамандии синни 18-29- сола 133 нафар мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

К. БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

51 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо
1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Туризм, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
9409  ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

9409 ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш