Дар як сатр

Бунёди боғ кори савоб

23-02-2019, 12:50

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру навоҳии вилоятбомаром идома дорад. Бахусус, дар рӯзҳои истироҳатӣ аз тарафи кормандони касбу кори гуногун дар радифи дигар тозакориҳо, ҳамчунин, садҳо бех ниҳолҳоимевадиҳандаву ороишӣ шинонида мешавад. Чунин иқдом азтарафи кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят сомон додашуд.

Дар қитъаҳои замини саҳну атрофи комплекси таълимию варзишии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, ки маконибаргузории машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ, мусобиқаҳои, варзишии кормандони, ин ниҳодмаҳсуб меёбад, даҳҳо номгӯи дарахтони ороишиву мевадиҳанда мавҷуд аст. Бо мақсади сарсабзии доимии ин гӯша, ба таври ҳамешагӣ, корҳои кабудизоркунӣ, аз тарафи кормандони соҳа сомон дода мешавад. Бахусус рӯзҳои истироҳатӣ дастаҷамъона ташкил ва гузаронидани тозакориҳо дар ин макон баҳукми анъана даромада, бехидарахтони мавҷуда нармва сафед карда аст. Бо ташаббусироҳбарият дар замини шафати биноимашқгоҳ ниҳолҳои зиёди мевадиҳанда, бо риояи талаботи бунёди боғ, шинонида шуд. Дарин маърака ҳайати кормандон фаъолона ширкат варзида, қитъаро аз сангмайдаҳо тоза карда, дар майдони холишуда шафтолу, зардолу, олӯ, хурмо, бодому чормағз шинониданд.

Зимни суҳбатсардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Султонзода Садриддинхон Исмоил изҳор дошт,ки 200 бех ниҳолҳои мевадиҳандаипайвандиро дар ин мавзеъ шинонидаандва мақсад доранд, ки дар дигар қитъаҳои замини марказитаълимӣ - омӯзишӣ низ корҳои кабудизоркуниро ба роҳ монанд.

О. Ҳасанова



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо
14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР