Дар як сатр
» » Саҳмгузории шӯро дар тарбияи насли наврас

Саҳмгузории шӯро дар тарбияи насли наврас

20-02-2019, 10:48

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фархор оид ба масъалаи тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор медиҳад.

Абдулҳамид Иззатуллоев аз соли 2012 раисии Шӯрои собиқа-дорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фархорро ба уҳда дорад. Дар давраи кории А. Иззатуллоев дар фаъолияти Шӯрои собиқадорони ноҳия дигаргуниҳои куллие ба назар мерасанд.

Бо иқдоми Шӯрои собиқа-дорони ҷангу меҳнат ва дастгирии шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор дар ҳамаи мактабҳои ноҳия гӯшаҳои шарафи ҷангӣ ва меҳнатӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо расм ва сару либоси як қисми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ордену медалҳои онҳо, китобҳо, очерку мақолаҳо дар бораи фаъолияти ҷангиву меҳнатии собиқадорон гирд оварда шудаанд. Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Фархор барои ғанӣ гардонидани маводҳои гӯшаҳои шарафи ҷангӣ ва меҳнатӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба ин кор муаллимони фанҳои гуманитарӣ ва хонандагони фаъолро сафарбар мекунанд.

Дар ноҳия як осорхона, 30 гӯшаи шарафи ҷангиву меҳнат, 7 муҷассамаву нимпайкараҳо, як муҷассама ба хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” номгузорӣ шудааст ва як боғи фарҳангиву фароғатӣ мавҷуд аст, ки онҳо ҳамеша тозаву озода нигоҳ дошта мешаванд.

Дар осорхонаи ноҳия гӯшаи махсуси иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ташкил карда шудааст. Дар он расми 90 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои солҳои гуногун, ки дар онҳо очерку лавҳа ва мақолаҳо дар бораи корнамоиҳои иштирокчиёни ҷанг нашр шудаанд, гузошта шудааст.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фархор дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ барои амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми муносиб гузошта, насли ҷавонро дар рӯҳияи пос дош-тани анъанаҳои илмиву адабӣ, фарҳагиву ахлоқии гузаштагонамон, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, ба камол расонида, ба бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон ва зиндагии дурахшони оянда ҳидоят менамоянд.

И. Иброҳимов,

ҷонишини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

4000 сомонӣ мукофотпулӣ ба меҳтарони ҶБВ

Хабарҳо
Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дуогузор ҳастем

Дуогузор ҳастем

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо