Дар як сатр
» » Моҳитобон: «хизмати аскарӣ - қарзи фарзандӣ»

Моҳитобон: «хизмати аскарӣ - қарзи фарзандӣ»

21-02-2019, 10:39

Вақте як зан соҳибҳунар аст…

Вақте як зан соҳибсухан аст…

Вақте як зан метавонад дар як ҷамоати бузург «гули сари сабад»-и ҳар як хона бошад…

Вақте як зан  барои чандин оилае, ки дар ҳоли пошхӯрианд, маслиҳатгари хуб метавонад бошад…

Вақте як зан метавонад ҳамсари шоиста бошад…

Вақте як модар метавонад се гулписарашро довталабонаву бо амри дил ба хизмати аскарӣ гусел кунад…

Магар ба мардонагиву матонату беназирии чунин зан ҷойи баҳс боқӣ мемонад?!

 МОҲИ ХОНАДОН

Аҷиб занест Моҳитобон Фақирова. Сухандониаш, меҳмоннавозиаш, оиладориаш ва ҳатто тарзи ороишу рӯймолбандиаш ба куллӣ фарқкунанда аст. Агар аз оиладориаш сухан бигӯем, ба як ибора метавон сифат кард: оилаи намунавӣ. Аз ҳазлу шӯхӣ, аз зиндадилии Моҳитобон ва шавҳараш баръало маълум аст, ки ҳар лаҳзаи умри онҳо хуш мегузарад. Ӯ мегӯяд: «Бо доштани чунин ҳамсари хушахлоқу дар рӯзгордорӣ сарфакору сариштакор ва ҳунарманд мефахрам».

- Моҳитобон аҷиб занест, - дар посух ба хушсухании ҳамсараш тавсифи ӯро мекунад марди хонадон. - Аз рӯзи аввали хонадорӣ то инҷониб рафторе накардааст, ки ман нороҳат шуда бошам. Баъзе камбудӣ ва мушкилоте, ки дар зиндагӣ пайдо мешавад, Моҳитобон ба танҳоӣ анҷом медиҳад. Мегӯяд, ки барои чизҳои майда-чуйда муҳим нест шуморо ғам диҳам. Оё мешавад, ин хел ҳамсарро эҳтиром накарду дӯст надошт? Зинҳор! Дар тарбияи фарзандон низ нақши «моҳ»-и хонадони мо хеле бузург аст.

 

ҶАСОРАТИ МОДАР

Моҳитобон қалби бузург дорад. Муҳаббати ватан, меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандориро дар қалби фарзандон ба хубӣ ҷо карда тавонист. Ҳамин буд, ки се фарзандаш хизмати ватанро бо сари баланд ва дарёфти рутбаҳои афсарӣ ба итмом расониданд. Осон нест се писарро ба Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодан.

Дар маросими бошукӯҳи гусели наваскарон, ду сол пеш дар ноҳияи Рӯдакӣ, мисли дигар модарон хомӯшу чашмгирён наистод. Ӯ бо муҳаббат ва ифтихор аз сарбози ватан шудани фарзандонаш сухан гуфт. Сипос ба Пешвои миллат гуфт, ки ба ин рӯзҳои нек расидем ва ба ҳама аскарону афсарон дар амри ҳифзи марзу буми ватан дуои неки модарона дод.

Аз маҳорати суханварӣ ва ҷасорати ӯ ҳама дар ҳайрат монданд. Дар ин чорабинӣ, ки вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ҳузур дошт, ба ин модар аҳсану офарин хонд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдониаш кард.

- Вақте ба тани сеюм писарам либоси сарбозиро дидам, пеши рӯям солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ашки талхи модарон омад, - ба ёд меорад Моҳитобон. - Ман гӯё бо дидани либоси сарбозӣ дар писаронам нишонае аз сулҳу субот, сарсабзиву оромии ватанро дидам. Бо ифтихор сухан гуфтам ва дар қатори фарзанди хеш ба дигар ҷавонон низ дуои нек додам. Ба модарон аз он рӯзҳои шум ёдовар шудам, то ин ки бо шукргузорӣ дар қалби фарзандон муҳаббати ватани азизи хешро ҷо созанд. Ҳатто ҳангоми ба итмом расидани хизмати аскарӣ, ба ҳамхизматони писарам, ҳамчун як модари кадбону ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фатиру кулча ва маҳсулоти қурутобро фиристодам, то ки муҳаббати модаронаамро эҳсос кунанд. То имрӯз ҳамхизматони писарам, ҳар боре дар алоқа мешаванд, аввал аз маҳорати ман ёд меоранд. Албатта, барои як модар аз хушҳол дидани фарзанд дигар чизи муҳимтаре нест.

Албатта, фарзандро ба таври шоиста тарбия намудан, муҳаббат ба ватан ва хизмат ба халқу миллатро дар замири ӯ ҷо намудан, дар ниҳодаш рӯҳияи далериву ҷасурӣ ва матонату ҷавонмардиро бедор кардан, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносиро талқин намудан ва таъриху фарҳангу илмҳои муосирро омӯзондан аз ҷумлаи вазоифи зан-модари бомаърифату бомартаба мебошад.

 

ДАРСИ МАҲОРАТ ВА САДОҚАТ

Чунин ба назар мерасад, ки Моҳитобон мактаби олии зиндагиро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ҳунару маҳорат, хулқу атвор, муҳаббату садоқату самимияташ беҳамто буда, мактаби ҳаётро мемонад.

Бе иштироки Моҳитобон ягон маъракаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён намегузарад. Ба ӯ унвони «пири кор»-и деҳаро додаанд. Ҳарчанд ҳоло хеле ҷавону бардам аст, аммо бо сабаби кордонию ҳунармандиаш ин унвони мардумиро ба ӯ лоиқ дидаанд. «Мо бояд аз имкониятҳои имрӯз истифода карда, боз ҳам бештар илму ҳунару таҷриба биёмӯзем, то намуна барои насли оянда бошем», - хоксорӣ мекунад Моҳитобон.

Ӯ дар баробари суханвару оилаи намунавӣ бунёд намуданаш, ҳамзамон ҳамчун як зани ҳунарманду чирадаст шинохта шудааст. Дар аксари чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳамчун беҳтарин чаппотипаз ва кадбонуи таомҳои миллӣ иштирок мекунад.  «Бо баҳонаи ҳамин ҳунарам ва чаппотиҳои зебою калонҳаҷми пухтаам, дар сафари корие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён доштанд, аз наздик бо Роҳбари муаззамамон вохӯрдам, ки барои банда ин як рӯйдоди хотирмону фараҳфизо буд», - мегӯяд Моҳитобон.

Моҳитобон қаламзану чакандӯзи бомаҳорат низ ҳаст. Ба ҷавондухтарони деҳа ҳам ҳунарашро меомӯзонаду ҳам ба онҳо дарси оиладориву рӯзгордорӣ мегузарад. Моҳитобонро ҳамчун фаъолзани ҷамоати деҳот дар ҳар як чорабинӣ ва ҷаласаҳои шӯрои бонувон, ки дар мактабҳо мегузарад, даъват мекунанд. Зеро ӯ дар баробари чандин ҳунар доштанаш, соҳиби оилаи хубу ибратомӯз буда, забони ширин дораду суханони таъсирбахш гуфта метавонад.

- Каме ҳам бошад, - бо ифтихор мегӯяд Моҳитобон, - ҳамчун як зан, як модар ва як сокини деҳа, саҳми хешро дар ҳифзу устувории чандин оилае, ки дар ҳолати пошхӯрӣ буданд, гузоштаам. Ман ба оилаҳои ҷавон танҳо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва мисол овардан аз таҷрибаи оиладории пешин, инчунин, барои бо муҳаббат зиндагӣ кардану бо сабуриву дурандешӣ паси сар кардани мушкилоти рӯзгор суҳбатҳо мекунам.

Ба андешаи Моҳитобон, сабаби парокандашавии бештари оилаҳои ҷавон омода набудани онҳо ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Бинобар ин, Моҳитобон ба ҷавондухтарон аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, меҳмоннавозӣ, ҳамсоядорӣ, фарҳанги хонаводагӣ, ва пос доштани арзишҳои миллӣ бештар суҳбат мекунад ва амалан намунаҳо меорад.

Дар ҳақиқат, чунин аст Моҳитобон-модари азхудбигзаштае, ки чеҳраи нозанинашро дар оинаи оилааш пурҷилотару пурнуртар мебинад. Хуллас, ҷонфидо, бовафо, маслиҳатгар, ҳидоятгар аст ӯ.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Мусоҳибаи мо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Чаҳор гавҳари як хонадон

Чаҳор гавҳари як хонадон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА