Дар як сатр
» » Сайёҳони 32 кишвари ҷаҳон ба тамошои Хатлон омаданд

Сайёҳони 32 кишвари ҷаҳон ба тамошои Хатлон омаданд

23-02-2019, 09:37

Рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи иҷтимоӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷаласаи якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи рушди сайёҳӣ доир гардид.

Ин ҳамоиш бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, доир шуд.

Дар он масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ташкили инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбии соҳа, ба талабот ҷавобгӯ набудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, дар мавзеъҳои таърихии вилоят фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо, ҳуҷраи алоҳида барои бақайдгирии ташрифовардагон, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии вилоят дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ ба вилоят, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ, насби харитаҳои сайёҳии хосса оид ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси сомонаҳои алоҳидаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ва маблағгузорӣ намудани «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020» дар сатҳи маҳал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Зарнисор» харитаи нави иттилоотӣ-сайёҳии вилояти Хатлонро бо забони англисӣ омода кардааст. Инчунин, дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Бохтар маркази иттилоотии сайёҳӣ созмон ёфта, фаъолият намуда истодааст.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода тазаккур дод, ки баргузории курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуси масъулини соҳа, таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо, ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, инкишоф додани сайёҳии кӯҳнавардӣ, бунёди базаҳои кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, тезонидани сохтмони иншооти нав, бунёди меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ташкили омӯзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти тарғиби тиҷорати сайёҳӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои шаҳру ноҳияҳои аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ва намудҳои сайёҳӣ дорои бартарият, ташкили низоми мусоиди омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароит барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон аз маҷмӯи тадбирҳое мебошанд, ки роҳандозии онҳо ба рушди соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.

- Дар давоми соли 2018, - афзуд М. Хидирзода, - дар самти сайёҳӣ 1246 семинар-машварат баргузор гардида, дар он 26 ҳазору 214 нафар ҷавонону хонандагон фаро гирифта шуданд. Инчунин, 2500 маводи иттилоотӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон паҳн карда шудааст. Ҳамзамон, дар ҳудуди вилоят 975 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 73 меҳмонхона (16 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо (40 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 106 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ (56 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 55 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо (51 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 31 осорхона, 60 мавзеи табиӣ, 27 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 125 тарабхона, 31 осорхона, 194 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 80 зиёратгоҳ, 22 адад боғҳои фарҳангӣ ва 18 ширкати сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан ва аз хизматрасонии онҳо истифода мебаранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба вилояти Хатлон соли 2018, дар умум, 225 ҳазору 846 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (218 ҳазору 88 нафар сайёҳони дохилӣ ва 7758 нафар сайёҳони хориҷӣ) аз 32 давлати дунё, аз ҷумла: Афғонистон, Ирландия, Англия, Покистон, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Германия, Нидерландия, Франсия, Канада, Австралия, Миср, Эрон, Британияи Кабир, Швейтсария, Исроил, Ҳиндустон, Полша, Япония, Испания, Венгрия, Қирғизистон, Украина, Русия, Арманистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркманистон ташриф овардаанд.

- Вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб меравад, - қайд кард Н. Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ. - Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва таърихию фарҳангӣ машғул мешаванд. Соли равон низ Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои дорои имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ ва қабули сайёҳон, аз ҷумла: Кӯлоб, Бохтар, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Шаҳритӯс силсиласуҳбату мулоқот, тренингу омӯзишҳо, конфронсу фестивалҳои минтақавӣ, барномаҳои телевизионӣ ва корвони рӯзноманигоронро амалӣ менамояд, ки он баҳри муаррифӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар минтақа мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии вилоят Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамасола мавзеъҳои тамошобоби Хатлонро дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё манзури дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳон менамояд.

Дар кори ҷаласа камбудиҳои ҷойдошта дар самти соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани онҳо масъулини шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳо гирифтанд.

Тибқи натиҷаҳои ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорон баргузор шуда, дар заминаи имтиёзҳои фароҳамовардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони минтақа барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба таври васеъ ҷалб карда шаванд.

Ҳарчи зудтар ташкил намудани сомонаҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар даромадгоҳи шаҳру ноҳияҳо насб намудани харитаҳои сайёҳӣ ва маълумотнома, кушодани мағозаи фурӯши армуғонҳо дар меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ, таҳия ва нашри маводи иттилоотии сайёҳӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҳар моҳ ҷараёни иҷрои корҳо дар самти рушди сайёҳӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ САЙЁҲОН АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ХАТЛОН

Хабарҳо

Талошҳо ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ

Хабарҳо

ТАЪСИСИ 60 ШИРКАТИ НАВИ САЙЁҲӢ

Хабарҳо
«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо