Дар як сатр
» » Чорабинии муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд гузаронем

Чорабинии муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд гузаронем

22-02-2019, 10:32

Ҷаласаи комиссияи барӯйхатгирии аҳолӣ ва Фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар вилояти Хатлон бо ширкати муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов доир гардид. Оид ба омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ муовини раиси вилоят изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 №572 "Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва Фондиманзил дар соли 2020” як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои аввалиндараҷаи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ, аз ҷумла ба тартиб даровардани рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ ва ғайристиқоматӣ идома дорад.

Чуноне ки аз ҳисоботи муовини раиси комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зарина Давлатзода Дилмурод равшан гардид, аниқ намудани сарҳадҳои шаҳру ноҳияҳо яке аз корҳои аввалиндараҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад. То санаи 1 январи соли 2019 сарҳадҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Восеъ, Кӯшониён, Ховалинг, Ш. Шоҳин, Қубодиён, Дӯстӣ, Ёвон, А. Ҷомӣ, Шаҳритӯс, Н. Хусрав, Ҷ. Балхӣ, Фархор, Темурмалик, Хуросон ва Панҷ муайян гардида, бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур тасдиқ карда шудааст. Мутаассифона, баъзе ноҳияҳои вилоят то ҳанӯз сарҳадҳои худро аниқ накардаанд.

Шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯшониён, Восеъ, Ҷ. Балхӣ ва Муъминобод нақшаи схематикии маҳаллаҳоро ба анҷом расониданд. Чуноне ки дар ҷамъомад таъкид гардид, тибқи қарори раиси вилоят аз 9 январи соли 2017 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва Фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” то 1 апрели соли равон бояд номи ноҳияҳо, маҳаллаҳои шаҳрӣ, кӯчаҳо, рақами хонаҳои маҳаллаҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон ба тартиб дароварда шуда, лавҳаю рақамгузорӣ гарданд. Вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбати ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир намуда истодаанд. Чуноне ки дар ҷаласа таъкид рафт, то имрӯз дар вилоят аз 809 кӯчаю тангкӯча 642, яъне 79,3 фоизи кӯчаҳо ба тартиб дароварда шудааст. Аз шумораи умумии 70852 хонаи истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ 57343 хона аз назар гузаронида шуда, аз ин шумора 47225 хонаи истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии манзилҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон ба тартиб дароварда, лавҳаю рақамгузорӣ шудааст.

Тавре ки муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов таъкид дошт, иҷрои чорабиниҳои тайёрӣ ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ –аниқ намудани номгӯйи ноҳияҳо, ба тартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами хонаҳои манзилҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон, муайян намудани дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии аҳолӣ бояд ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин давра 5 ҷаласаи комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он рафти корҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин, қай дгардид, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 феврали соли 2017 ва қарори раиси шаҳри Норак «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва Фонди манзил дар соли 2018» ба рӯйхатгирии санҷишӣ дар шаҳри Норак дар муҳлати муайяншуда босифат ҷамъбаст гардид.

Аз рӯйи ҷамъбаст аниқ гардид, ки дар шаҳри Норак 59090 нафар аҳолӣ ба сар мебаранд, ки аз онҳо 28451 нафар дар маҳалҳои шаҳрӣ ва 30639 нафар дар маҳалҳои деҳот сукунат доранд. Ҳамин тавр, муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ба масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳо оид ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ дастуру супориш дод, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, рафти корҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсиро дида бароянд. Гурӯҳҳои корӣ аз 12 то 15 феврали соли равон дар шаҳру ноҳияҳо рафти корҳои омодагиро мавриди санҷиш қарор доданд. Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гардад.

А. Сафарова,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барӯйхатгирӣ дар Норак то 24 октябр давом мекунад

Хабарҳо

БАРӮЙХАТГИРИИ САНҶИШИИ АҲОЛӢ ДАР НОРАК

Хабарҳо

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷаласаи якуми комиссияи  вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҷаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ