Дар як сатр
» » ҶАЙҲУН: МАОШИ МИЁНАИ ДУХТУР - 812 СОМОНӢ

ҶАЙҲУН: МАОШИ МИЁНАИ ДУХТУР - 812 СОМОНӢ

23-02-2019, 10:50

Дар ноҳияи Ҷайҳун ба 10 ҳазор аҳолӣ 4,2 духтури касбӣ ва 13,7 корманди миёнаи тиббӣ рост меояд. Шумораи умумии кормандони соҳаи тибби муассисаҳои табобатии ин ноҳия ба 380 нафар, аз он ҷумла 62 табиб ва 191 корманди миёнаи тиббӣ мерасад.

Ба иттилои Саидмурод Холов, муовини менеҷери муассисаи КАТС-и ноҳияи Ҷайҳун, маоши миёнаи духтурон 812 сомонӣ ва кормандони миёнаи тиб 510 сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳия як маркази саломатӣ барои қабули то 400 нафар дар як баст, 10 маркази саломатии деҳот бо имконияти қабули 140 бемор дар як баст ва 39 бунгоҳи саломатии деҳот дар хизмати сокинон қарор доранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди 32 бунгоҳи тиббӣ дар 11 моҳ

Хабарҳо
Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Тандурустӣ ва экология
Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта  ...

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА