Дар як сатр
» » БУНЁДИ «БОҒИ ҶАВОНОН» ДАР ҚУБОДИЁН

БУНЁДИ «БОҒИ ҶАВОНОН» ДАР ҚУБОДИЁН

21-02-2019, 10:49

Дар ноҳияи Қубодиён барои бунёди «Боғи ҷавонон» бо иштироки васеи ҷавонони ноҳия таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд.

Ба иттилои масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, дар натиҷаи ин аксия дар масоҳати зиёда аз 1 гектар замин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав 406 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд. Бунёди «Боғи ҷавонон» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) пешбинӣ шудааст. Ҷавонони ноҳия нигоҳубин ва назорати боғи мазкурро ба уҳда гирифта, мақсади бунёди боғи серҳосил ва намунавиро доранд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА