Дар як сатр
» » Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар Данғара

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар Данғара

1-10-2017, 11:44

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар Данғара


Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр рӯзи якшанбе дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз, дар муассисаи таълимии давлатии мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара бо хонандагону омӯзгорон чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст, Меҳринисо Шералиева, ҷонишини директор оид ба тарбия, омӯзгоронро ба ифтихори иди касбиашон табрику таҳният намуд ва оид ба пешаи омӯзгорӣ сухан ронд.
- Омӯзгор вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзад, ки ин чандон кори осон нест, - иброз дошт Меҳринисо Шералиева. - Омӯзгорӣ касби пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯю навоварист.

Мавсуф дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Омӯзгор қувваю дониши худро барои тарбияи фарзандони мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки шогирдро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия карда, соҳибмаълумот гардонад.

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар Данғара

Қурбоншо Абдуллоев, директори муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара, саҳми устодону омӯзгоронро дар пешрафти ҷомеа назаррас хонд.

Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ 40 нафар омӯзгор бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар Данғара

Инчунин, дар муассисаи мазкур бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ чорабинии хотирмон доир карда шуд, толибилмон бо роҳбарии омӯзгор Суҳроб Чиллаев доир ба осори безаволи Мавлонои Балхӣ изҳори ақида намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Данғара: Озмуни алласароӣ

Данғара: Озмуни алласароӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм