Дар як сатр
» » ИФШОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ДАР ДОРУХОНАҲО

ИФШОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ДАР ДОРУХОНАҲО

22-02-2019, 10:47

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон тайи як соли охир дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаълияти дорухонаҳоро санҷида, 84 ҳолати ҳуқуқвайронкуниро ошкор ва дар маҷмӯъ 152 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин намудааст.

Ба иттилои Исфандиёри Искандар, сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар дорухонаҳо пешбурди фаъолияти фармасевтӣ бидуни ҳуҷҷатҳои муқарраргардида ва фурӯши доруҳои муҳлаташон гузашта ошкор шуда, дар натиҷа, гунаҳгорон аз 500 то 5000 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Маводи дорувории бесифат ва муҳлатгузашта аз муомилот берун оварда шудаанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кори 18 сартарошхона манъ гардид

Хабарҳо

Рейди муштарак камбудиҳоро ошкор намуд

Хабарҳо
Маҳви доруҳои пастсифат

Маҳви доруҳои пастсифат

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Дорувории муҳлаташ гузашта нобуд карда шуд

Дорувории муҳлаташ гузашта нобуд карда шуд

Тандурустӣ ва экология
Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА