Дар як сатр
» » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

19-02-2019, 11:46

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳои пешорӯ аз шаҳри Левакант ва ноҳияи Вахш дидан кард.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, Қ. Ҳакимзода зимни боздид аз шоҳроҳи Бохтар-Левакант дастур дод, ки дар ду шафати шоҳроҳ корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулҳои рангорангро вусъат бахшида, ба ободии муҳити зист ва роҳи марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар боғи марказии шаҳри Левакант раиси вилоят дастур дод, ки ба технологияи шинонидан ва парвариши ниҳол, гулу буттаҳо ва сохтмони иншоотҳои фарҳангию иҷтимоӣ ба тавсияи олимону мутахассисон такя намуда, барои фароғати сокинони шаҳр шароити мусоид омода созанд.

Раиси вилоят аз ҳолати роҳҳо ва пули (кӯпрук) мавзеи Тошроботи деҳоти Машъали ноҳияи Вахш дидан карда, доир ба таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳал, бунёду таҷдиди пул ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ба роҳбарону масъулин супориш-ҳои қатъӣ дод.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

«Ташаббусҳои шаҳрвандиро вусъат бахшем»

Хабарҳо

Қ. ҲАКИМЗОДА: «ДАР ПЕШРАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ОБУ ҲАВО БАҲОНА ШУДА НАМЕТАВОН ...

Арсаи кишоварзӣ

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА