Дар як сатр
» » «Чакомаи гесӯ» - таблиғгари ҳунару оинҳои миллӣ

«Чакомаи гесӯ» - таблиғгари ҳунару оинҳои миллӣ

21-02-2019, 14:30

«Итминон дорам, ки занону модарон посдорандаи арзишҳои оливу арҷгузор ба фарҳанги миллӣ буда, дар рӯҳияи хештаншиносӣ камол ёфтани фарзандон маҳз ба онҳо рабт дорад».

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН

 

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.


Қабл аз оғози ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ чеҳраҳои ҳунарманд аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят намунаҳои дастранҷи худ-ро дар пешдолони даромадгоҳи театр (ошёнаи 1 ва 2) ба намоиш гузоштанд. Дар ин намоишгоҳ бонувон, асосан, ҳунарҳои мардумӣ оид ба парвариш ва нигоҳубини мӯй, ҳунари машшотагӣ, гунаҳои мухталифи мӯйбофӣ ва тарроҳиро манзури тамошобинон намуданд. Дар намоишгоҳ инчунин анвои гуногуни либосҳои миллии занонаю мардона ва кӯдакона, аз ҷумла пероҳану тоқиҳои гулдӯзию зардӯзӣ, зарфҳои рангоранги зебо, матоъҳои миллии тоҷикӣ ва ғайра дар маърази тамошогарон қарор доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳангоми сайри намоиш бо аҳли ҳунари шаҳру ноҳияҳои Хатлонзамин суҳбатҳои дилнишин анҷом дода, ба маҳсули дасти ҳунармандон, вусъати андешаву ғоя-ҳои тарроҳон баҳои баланд дод. Зикр шуд, ки, дар ҳақиқат дар раванди нигоҳдошт, ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллию фарҳангӣ нақ-ши занону модарон басо бузург аст ва онҳо қодиранд робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳуввияти миллиро таъмин намоянд. Ҳам намуди зоҳирӣ, ҳам либос, тавре мегӯянд, яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад.

- Фарҳанг волотарин дастоварди аҳли башар буда, дар доираи фаъолият, кору рӯзгор, суннату анъанот мақому манзалати ҳар миллатро муайян ва мартабаи давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, - зикр кард Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи фестивал. - Ба ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, ба арҷгузориҳо, ба тамаддуни беш аз панҷҳазорсолаи миллат, ба омӯзишу расму оин, мероси ниёгон, анъаноти миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа пайваста таъкид медоранд.

Фарҳанг дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқҳо ва рушду нумӯи онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит менамоянд, ки он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама гуна талошҳо комёб мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои аслии ин фес-тивал тарғибу ташвиқи оину маърифати либоспӯшӣ ва ороиши мӯю рӯйи занону духтарон мебошад. Ҳифзи фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ, забон, урфу одат, тарзи рафтору гуфтор ва либоси миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳоест, ки садди роҳи хурофоту бегонапарастӣ хоҳад шуд. Дар ин маврид шоири маъруф Бозор Собир ҳам таъкиди барҳақ дорад: «Мо ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем», яъне миллати мо аз азал соҳиби фарҳангу тамаддуни хос буду ҳаргиз дар пайравӣ ба бегонаҳо сиёҳпӯшиву тақлид намекард.

Барои иштирок дар марҳилаи вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» ғолибони даври аввал аз маҳалҳо ва беҳтарин иштирокдорони ин барномаи фарҳангӣ аз шаҳру ноҳияҳо даъват шуда буданд. Иштирокдорони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ», ки аксаран духтарону бонувони дорои мӯйҳои дароз ва зебою ороишёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки чор фасли соли табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро пешкаши бинандагон созанд. Иштирокчиёни барнома ба тамошобинон рақсу таронаҳои мардумӣ, лаҳзаҳои оро додани арӯс, усулҳои гуногуни бофтани мӯй ва амсоли инро манзур намуданд.

Аз кафкӯбиҳои бардавоми бинандагон, шодию нишот ва дилхушии бепоёни онҳо аён мегашт, ки созмондиҳандагон ва иҷрокунандагони ин намоиши бошукӯҳи фарҳангӣ ҳадафи назди худ гузоштаро ба хубӣ иҷро намудаанд.

Дар охири чорабинӣ ба намояндагони 18 шаҳру ноҳияи фаъол, ки саҳми арзандаи худро гузоштаанд, Сипосномаи раиси вилоят тақдим гардид. Қурбон Ҳакимзода бо таассуроти бепоён аз ин намоиши пурҷилои фарҳангӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳия ва пешкаш кардани он саҳм гузоштаанд, самимона арзи сипос кард.

Ғолибони даври вилоятии фестивали «Чакомаи гесӯ» дар Фестивали ҷумҳуриявӣ, ки моҳи март дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»

Аксбардор М. СОТИЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

Фарҳанг ва адабиёт

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА