Дар як сатр
» » СЕ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ - ДАР МОҲИ МАРТ

СЕ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ - ДАР МОҲИ МАРТ

16-02-2019, 09:58

Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 5 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи риштаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории ин чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе, Бохтар, Норак ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки дастаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар аст.

Аз он ҷумла марҳилаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол дар байни бонувон – ҷавондухтарони аз 16-сола боло дар шаҳру ноҳияҳо ва марҳилаи финалии он рӯзҳои 3-7 март дар шаҳри Бохтар доир мегардад. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, 9-10 март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ ва вазнбардорӣ байни варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд барпо мешавад. 21-22 март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон дар шаҳри Норак пешбинӣ шудааст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштигирӣ

Хабарҳо
6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо

Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА