Дар як сатр
» » ЭЪЛОНИ ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»

ЭЪЛОНИ ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»

15-02-2019, 15:57

Дар фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…», ки аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав баргузор гардид, маҳсули дасти беҳтарин заргарони моҳир аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни гузаштагон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани шавқ ва ҳавасмандкунии ҳунармандон ба касби заргарӣ, муаррифии молу маҳсулоти заргарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, ба содирот равона сохтани маҳсули дасти косибони чирадасти ҷумҳурӣ бо шиори «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ва бо ин васила баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад. Ҳамин тавр, ҷойи 1-ум ба ҳунармандони шаҳри Роғун, ҷойи 2-юм ба ҳунармандони КВД «Зари Кӯлоб» ва ҷойи сеюм ба ду нафар: ҳунарманди коргоҳи заргарии ҶДММ «Майрамбибӣ» ва ҳунарманди мардумии шаҳри Ҳисор – Фирдавс Назаров дода шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт
«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

Фарҳанг ва адабиёт
НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Даври якуми фестивали бадеҳахонӣ дар Кӯлоб

Даври якуми фестивали бадеҳахонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт