Дар як сатр
» » ТАШАББУСИ ҶОЛИБИ КИ ҲХДТ ДАР ХАТЛОН

ТАШАББУСИ ҶОЛИБИ КИ ҲХДТ ДАР ХАТЛОН

15-02-2019, 13:57

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нашри махсуси нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ»-ро бо теъдоди рекордии 101840 нусха рӯйи чоп овардааст.

Тавре ки аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи мафкураи сиёсии мардум ва пур кардани холигоҳи идеологии ҷомеа буда, матолиби дар он нашршуда, пеш аз ҳама, ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳар як шаҳрванд аз таҳоҷуми тӯфони хатарҳои ҷаҳони муосир нигаронида шудааст. Нашри махсуси «Ҳамрози халқ» аз Муроҷиатномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сокинони вилоят, мақолаҳои ҷолиб оид ба роҳҳои пешгирӣ аз фитнаву дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ, тафсири барномаи ҲХДТ, ахбори ҳизбӣ ва маводи тафреҳӣ иборат аст. Масъулон азм доранд, ки чопи нашри махсуси «Ҳамрози халқ»-ро минбаъд ҳар моҳ як маротиба ба роҳ монда, тариқи ройгон ба мардум паҳн намоянд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»

Хабарҳо
Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ
12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То интихобот 25 рӯз монд

То интихобот 25 рӯз монд

Сиёсат, Хабарҳо