Дар як сатр
» » БОЗДИДИ САЙЁҲОН АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ САЙЁҲОН АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ХАТЛОН

15-02-2019, 09:56

Мавзеъҳои сайёҳиву таърихии «Ҳулбук» (Восеъ), «Хоҷа Машҳад» (Шаҳритӯс), «Аҷинатеппа» (Вахш), «Чилучорчашма» (н. Носири Хусрав) ва дигар мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат буда, дар соли 2018 аз мавзеи «Чилучорчашма» 150 000 нафар, «Аҷинатеппа» наздики 5000 нафар, «Хоҷа Машҳад» наздики 1000 нафар дидан намуданд.

Тавре ки аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ соли 2018 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 155 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид намуда, шумораи сайёҳони дохилӣ зиёда аз 750 ҳазор нафарро ташкил додааст. Зикр гардид, ки масъалаҳои тармиму таҷдид, бунёди инфрасохтори иловагӣ барои ҷалби сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо, ҷолиб намудани гирду атрофи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дар маҷмӯъ ба сатҳи байналмилалӣ расонидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳоест, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ пайгирӣ мекунад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Талошҳо ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ

Хабарҳо

НАМОЯНДАИ ЮНЕСКО АЗ АҶИНАТЕППА ДИДАН КАРД

Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба рушди туризм

Хабарҳо
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА