Дар як сатр
» » УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИҶА МЕДИҲАД

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИҶА МЕДИҲАД

14-02-2019, 11:55

Ҷиҳати омӯзиши омилҳои аслии азҳампошии оилаҳо мутахассисони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон аз усули «хона ба хона» кор мегиранд. Танҳо дар моҳи январи соли 2019 мутахассисони шуъбаи САҲШ-и вилоят аз пошхӯрии 4 оила пешгирӣ карданд.

З. Сафарзода, мудири шуъбаи САҲШ-и вилоят, бо истинод ба таҳлилҳои анҷомдода гуфт, ки агар соли гузашта беш аз 31 ҳазор сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, беш аз сеюним ҳазор никоҳ тариқи судҳо ва шуъбаҳои САҲШ бекор карда шудааст. Дар натиҷа, зиёда аз ду ҳазор кӯдак аз имкони зиндагӣ дар оилаи мукаммал маҳрум гардида, танҳо бо модар ё падар умр ба сар мебаранд. «Аксаран мардҳо ташаббускори бекоршавии ақди никоҳ мебошанд. Масалан, соли гузашта дар ноҳияи Фархор ба суд 57 мард ва ба шуъбаи САҲШ 63 мард барои бекоркунии ақди никоҳ ариза додаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки соли 2018 дар ин ноҳия ҳамагӣ 21 зан ба суд ва 18 зан ба шуъбаи САҲШ бо чунин ариза муроҷиат кардаанд», - афзуд З. Сафарзода.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии занон дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Афзоиши таваллуд дар Шаҳритус

Афзоиши таваллуд дар Шаҳритус

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ