Дар як сатр
» » Фарзанди бад даст ба дуздӣ зад

Фарзанди бад даст ба дуздӣ зад

16-02-2019, 11:53

Одамони соҳибиқболу некбахти кишвар аз оромиву осоиштагӣ, бахту иқболи баланди худ меболанд. Вале на ҳама ба қадри ин ҳаёти хушу хуррам, рӯзгори озоду обод, даврони беҳтарини саодатмандӣ мерасанд. Ҳастанд нафароне, ки ҳаннотию мардумфиребиро пеша карда, ҳаёти осон гузарониданмехоҳанд.

Дурӯғу мардумфиребӣоқибати нохуш дошта, сабабгори ҷинояту ҷинояткорӣ мешавад. Сокинони шаҳри Бохтар Н. ва С. ба ҷойи ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шудан даст ба тасарруфи молу мулки ғайр заданд.

Аз мастӣ то пастӣ як қадам аст. Майзадагон на дар ҷомеа ва на дар оила қадру қимат надоранд. Дар ҳоле ки барои ба роҳи дурустдаровардани онҳо наздикон заҳмати зиёдмекашанд. Вале тарки одат-амри маҳол будааст. Шаҳрванд Э. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт молу мулки шахсони дар ҳолати мастӣ қарордоштаро тасарруф намуда, дар ин кори нангинноболиғон С. ва Н.-ро ҷалб кард.

Рӯзи 20 апрели соли 2018 тахминан соати 19:00 аз рӯйи маслиҳати пешакӣ ба ошхонаи "Дубай”, воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Мирзоқодирова рафта, шаҳрвандони дар ҳолати мастӣ қарордоштаро дида, аз пайи амалӣ намудани мақсади нопокашон шуданд. Бурҳонов Рустам Собирович, сокини шаҳри Левакант, деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон», дар як мизи алоҳида нишаста ба нӯшидани нӯшокии спиртӣ машғул буд. Гурӯҳи ноболиғон нияти тасарруфи молу мулки Бурҳонов Р. С.-ро карда, интизори хестани ӯ шуданд. Вақте ки Бурҳонов Р. С. бо мақсади ба хонааш рафтан ба сӯйи қароргоҳи нақлиёти мусофиркаш равон шуд, гурӯҳи ноболиғон ӯро думболагирӣ карда, дар нимароҳ як автомашинаи тамғаи "Опел астра”-ро қарор доданд. Бурҳоновро таклифи ба автомашина нишастан ва то ба хонааш бурданро намуданд. Бурҳонов, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошту аз нияти нопоки онҳо огоҳ набуд, ба автомашина нишаст. Ба ронанда фаҳмонданд, ки онҳоро то ба кӯчаи Леваканти шаҳри Бохтар барад. Дар нимароҳ Бурҳоновро дар дохили автомашина мавриди лату кӯб қарор дода, аз автомашина фароварда, аз киссааш 650 сомониро бо зӯроварӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Маблағи тасарруфшударо байни худ тақсим карданд.

Онҳо кирдорҳои ношоистаи худро давом дода, 20 апрели соли 2018 бегоҳӣ аз рӯйи нақшаи тарҳрези кардаашон ба назди бинои тарабхонаи «Аспи сафед», воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Б. Ғафуров омада, интизори "сайд”-и навбатӣ шуданд. Тахминан соатҳои 2-3 шаҳрванд Эрназаров МуродалӣАлимардонович, сокини ноҳияи Вахш, деҳаи Машъал, Ҷамоати деҳоти "Меҳробод” дар ҳолати сархушӣ қарордошта, аз ҷойидилхушӣ баромада, роҳи хонаашро пеш гирифт. Вале ӯ ба домигурӯҳи дуздон меафтад. Ғоратгарон ӯро ба ҷойи хилват бурда, 400 сомонӣ, телефони мобилии тамғаи "Иртис” ва дигар чизҳояшро бо роҳи зӯроварӣ аз худ намуданд. Ноболиғон бо ин кирдорҳои худ ҷинояти дар моддаи 248 қисми 2, бандҳои «а,б,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир карданд. Нисбатиноболиғон парвандаи ҷиноятӣ оғозгардидааст.

Б. САЙДАЛИЕВ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар Хоруғ чӣ мегузарад?

Хабарҳо, Сиёсат
Ҳамеша дар хизмати халқу ватан

Ҳамеша дар хизмати халқу ватан

Ҳуқуқу амният
Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Ҳуқуқу амният

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

Хабарҳо
Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Хабарҳо