Дар як сатр
» » БИБИИ НАБЕРАКУШ ЗИНДОНӣ ШУД

БИБИИ НАБЕРАКУШ ЗИНДОНӣ ШУД

16-02-2019, 10:52

Куштори набераи 3-сола аз тарафи бибиаш дар Ҷамоати деҳоти "Ифтихор”- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сару садои зиёдеро ба бор оварда буд. Суди вилояти Хатлон Ҳоҷарой Ашӯрова сокини 58-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо гуноҳи қатли наберааш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳоҷарой Ашӯрова бо келинаш Гулсанам Боймуродова, ки духтари хоҳараш буд, муносибати хуб надошт ва мехост, ки аз келинаш интиқом бигирад. Ҳоҷарой рӯзи 12 сентябр набераашро бо худ ба ноҳияи Ёвон мебарад ва баъди бахона баргаштан ба аҳли оила хабар медиҳад, ки наберааш Беҳрӯзҷон дар оби ҷӯйбор ғарқ шудааст.

Баъди ду рӯзи ғайб задани кӯдак падараш Гулмурод Ашӯров аз Русия омад ва каналу ҷӯйҳоро ҳамроҳи аҳли хонавода дар ноҳияи Ёвон ҷустуҷӯ карданд, то ҷасади Беҳрӯзҷонро пайдо кунанд. Аммо ин кор натиҷа надод. Як чӯпон ҳангоми гузаштан аз селроҳаи деҳа ҷасади як кӯдакеро мебинад ва ба милиса хабар медиҳад. Ҷасади Беҳрӯзҷони 3-соларо дуртар аз хонаашон баъди шаш рӯз пайдо мекунанд.

Нахуст кӯдакро, ки зери лойқа монда буд, касе намешиносад, баъдан, аз рӯи нишонаҳо падараш мефаҳмад, ки ин писари ӯст.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ

Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА