Дар як сатр
» » Талаботи ҷаҳони муосир - гузариш ба низоми идоракунии сифат

Талаботи ҷаҳони муосир - гузариш ба низоми идоракунии сифат

16-02-2019, 09:51

Ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки корхонаҳои саноатӣ зина ба зина ба низоми идоракунии сифат гузаранд. Барои расидан ба ин ҳадаф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол тавассути ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва соли 2018 дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ диққати Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазоратукумита ва агентиҳоро ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, содироти бештари маҳсулоти рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, чунин таъкид намуд: «Ворид намудан ба истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд».

Аз нигоҳи ватандорӣ ин масъулиятро мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бештар дарк намуда, бо соҳибкорони ватанӣ кор мебаранд, семинару машварати омӯзишӣ мегузаронанд, то соҳибкорон моҳияти гузариш ба низоми идоракунии сифатро бештар эҳсос намоянд. Баргузор кардани семинари омӯзишӣ бо иқдоми Агентии «Тоҷикстандарт» дар нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2018 дар Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон дар мавзӯи «Моҳият ва ҳадафи истифодаи стандарти ИСО 9001 - 2015» бо 18 субъекти хоҷагидор ба ҳамин хотир буд.

Самари ҳамкориҳои самарабахши мутахассисони мақомоти «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон бо соҳибкорону истеҳсолотчиёни ватанӣ буд, ки дар Хатлонзамин чандин корхонаи саноатӣ, меҳмонхонаю марказҳои хизматрасонӣ талаботи ҷаҳони муосир ва Созмони умумиҷаҳонии савдоро дарк карда, бо ворид кардани техника ва технологияи замонавӣ аз хориҷи кишвар, фароҳам овардани шароити арзандаи кору хизматрасонӣ ба низоми идоракунии сифат гузаштанд. Имрӯз меҳмонхонаҳои «Рамз» ва «Бохтариён»-и шаҳри Бохтар меҳмонону сайёҳонро дар сатҳи баланди хизматрасонӣ қабул карда истодаанд. ҶСК «Трансформатор» бо истеҳсоли 11 намуди трансформатор аз соли 2011 машғул буда, ба низоми идоракунии сифат ИСО 9001 – 2008 гузаштаанд ва маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дар бозор рақобатпазир мебошад. Корхонаи ҶДММ «Ҷунгтсай моҳир семент» аз соли 2017 ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалии ИСО – 9001 – 2008, сементи тамғаҳои М – 400, М – 500 ва сулфати М – 400 истеҳсол карда, дар 11 моҳи соли 2018 ба содироти беш аз 400 ҳазору 300 тонна семент ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваффақ гардиданд. ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон низ бо ворид кардани таҷҳизоту технологияи навтарин аз давлатҳои Чину Итолиё ва гузариш ба низоми идоракунии сифат ба Федератсияи Россия, Туркиё, Украина, Қазоқистон ва Чехия ҷӯробҳои босифату гуногунранг ва риштаи ранга содирот мекунанд. Сафи чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон сол то сол зиёд мегарданд, вале дар ин самт мо бояд бо соҳибкорону истеҳсолотчиёни ватанӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷиддӣ кор барем, ба рушди соҳибкории ватанӣ рақобатпазир гардонидани молу маҳсулот, содироти бештари маҳсулоти хушсифат ва муаррифии Тоҷикистон дар дунё мусоидат намоем. Рӯ ҷониби сифат, гузариш ба низоми идоракунии сифат ва риояи қатъии талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ моро барои расидан ба ҳадафҳои некамон наздик мегардонад.

Аз ин нигоҳ, дар 11 моҳи соли 2018 ҶДММ «Хатлон саёҳат»-и шаҳри Бохтар фаъолияти худро нисбат ба хизматрасонӣ ба талаботи низоми идоракунии сифат ба роҳ монда, бо сертификати стандарти байналмилалии ИСО 9001 – 2015 таъмин карда шуд. Дар ҶДММ фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто»-и ноҳияи Ёвон (истеҳсоли гӯшти мурғ) оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат тибқи талаботи стандарти байналмилалии ИСО 9001 – 2015 корҳо пурра ба сомон расида, корхона бо сертификати байналмилалӣ таъмин гардид. Ҳамчунин, дар ин давра бо ҶДММ «Левакант - Усмон»-и шаҳри Бохтар (хизматрасонии тарабхона) кор-ҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷорӣ кардани низоми идоракунии сифат идома дорад.

Аскаралӣ Соҳибназаров,

муовини директори МСМС

ва НС-и вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бохтар. Дастовардҳо дар соҳаи саноат

Хабарҳо
Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Арсаи кишоварзӣ
Ҳифзи ҳаёт ва солимии кӯдакон ҳадафи мост

Ҳифзи ҳаёт ва солимии кӯдакон ҳадафи мост

Тандурустӣ ва экология
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд

Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР