Дар як сатр
» » СУХАНИ ҲАҚ АЗ МОСТ

СУХАНИ ҲАҚ АЗ МОСТ

15-02-2019, 11:49

Душманони дохиливу хориҷӣ  солҳои 90-уми асри гузашта як муддат дар Тоҷикистони тозаистиқлол иғво андохта, ин миллати соҳибтамаддунро паҳну парешон сохтанд. Миллати соҳибфарҳанг  ин дасисаи душманонро ба зудӣ фаҳмида, аз нав ба ҳам омад. Зери парчами истиқлолият сарҷамъона бо меҳнати садоқатмандона сарзамини аҷдодиро обод месозанду зиндагиашонро ширин.

Душманони тирашон хокхӯрда фирор карданд, дар ҳар гӯшаву канори дунё,  дур аз ёру диёр ба зулмат ба сар мебаранду лагандбардори  хоҷагони хориҷианд. Остонаи онҳоро мерӯбанд, то қути лоямуте пайдо намоянд. Барои ин амалашон аз ҳеҷ дурӯғу буҳтон дар ҳаққи миллату давлати хеш рӯ намегардонанд.   Мехоҳанд давлату миллати моро аз нав ба гирдоби бало афкананд. Ваҳдати бадастомадаро шикананд. Ин нияти нопоки онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Мардуми мо дигар зиракиву ҳушёриро аз даст намедиҳад, давлати мо ончунон пуриқтидор аст, ки худобехабаронро саршикаста мекунад.

Ин манқуртон худро тоҷику тоҷикистонӣ ном бурда, заррае шарму ҳаё накарда, ҳама воситаҳоро истифода мебаранд,  чун фоҳишаҳои сиёсӣ дар ҳама саҳна рақс менамоянд. Рӯйирост аз иғво истифода бурда, маккорона симои худро ҳар лаҳза иваз менамоянд. Барои ин мазҳабгумкардаю шарафгумкардаҳо, ки раҳбарашон Кабирии худобехабар аст, миллат, мазҳаб ва ватан арзише надошта, бо истифода аз домони хоҷагони хориҷӣ бешармона роҳу воситаҳои худсафедкунӣ меҷӯянд.

Ба худу ҳаммаслаконашон унвонҳо мебофанд, ташкилоту гурӯҳҳои дар ҳеҷ ҷо эътироф ношударо «таъсис» медиҳанду бо ин худро таскин медиҳанд.

Акнун, ки диданд, ҳеҷ унвону мақо-машонро мардуми Тоҷикистону ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ намеписанданд, боз даъво ба миён овардаанд, ки ҳама  он ҷавобномаҳое, ки мардуми аз ҳақиқати ҳол бохабар, холисона дар матбуоти даврӣ вокуниш медиҳанду амалҳои хиёнаткоронаи Кабирию думравонашро рӯйи об мебароранд, фармоишиву номҳо бофтаанд.  Хестед, ки хобед, ба ин андешаи ботилатон. Суханони беҷою бемаврид, дурӯғ аз шумост, худобехабарони мазҳабфурӯш. Сухани дурушту ноҷо, туҳматангез бадтарин чизи дунё аст, ки аз даҳонатон баромада ба гиребонатон часпидааст. 

Он чи ки мардум менависад, ҳақиқати ҳол асту фикру зикри аниқ. Ҳеҷ кас аз шумо ҳарос надорад, ки дурӯғ нависад.  Танҳо дар як рӯзномаи ноҳиявии мо чандин вокунишҳо нисбати амалу андешаҳои душманони миллат чоп шудааст, ки ҳамааш бо ному насаби аниқ ва ҷойи кори доимии сокинон аст. Онҳоро хурду бузург медонанду мешиносанд. Аз номи модарон Муроҷиатнома қабул шуда, мақолаҳои раиси Шӯрои меҳтарон, сармутахассиси шуъбаи маънавиёт, мушовири шуъбаи маориф, кормандони ҲХДТ дар ноҳия, соҳибкорон ва чандин маводҳои дигар аз ҳамин кабиланд. Дар расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ ҳамин гуна вокунишҳо ҳастанд ва беҳисобанд.

Бисёрем мо, ватандорем мо. Ин аст шиори ҳар як ватандӯсту хештаншиноси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки имрӯз бо меҳру муҳаббати зиёд баҳри ободию пешравиаш содиқона меҳнат дорад. Беҳуда ғавғо набардоред, мо хубро аз бад кайҳо шинохтаем.

Муҳаммадӣ Ашӯров,

сокини ноҳияи А. Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чоҳканҳо зери чоҳанд

Хабарҳо, Сиёсат

Ба Муҳаммадиқболи Садриддин

Хабарҳо

Босмачиҳо

Хабарҳо
Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад…

Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад…

Хабарҳо, Сиёсат

ДЕВҲОИ «САПЕД»-РО БИШИНОСЕД»!

Хабарҳо