Дар як сатр
» » Дар ДЭТ зинаи таҳсилоти магистратура ба роҳ монда шуд

Дар ДЭТ зинаи таҳсилоти магистратура ба роҳ монда шуд

14-02-2019, 07:45

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 122 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 21 нафар номзадҳои илм ва 4 нафар докторони илм фаъолият доранд.

 Бино ба иттилои Хайрулло Назарзода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, донишҷӯён аз рӯйи 12 ихтисос ба таълим фаро гирифта шуда, сифати омодасозии мутахассисон аз рӯйи имконияти зеҳнии потенсиалӣ муайян карда мешавад. 

- Дар  соли таҳсили 2018-2019 аввалин маротиба қабули донишҷӯён ба зинаи таҳсилоти магистратура ташкил карда шуд, - зикр намуд Х. Назарзода.  – Инчунин, ДЭТ бо 31 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва 13 муассисаи таҳсилоти олию пажӯҳишгоҳҳои ватанӣ шартнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорон, таҳияи маводҳо ва китобҳои дарсӣ, таҳсил дар аспирантура, коромӯзии илмӣ ва педагогиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, 19 нафар устодони донишкада дар асоси шартномаи тарафайн дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва 36 нафар дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикис-тон 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 1 нафар аз Федератсияи Россия, 1 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон мебошанд.

Комрони БАХТИЁР,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд

18 омӯзгори ДЭТ барои такмили ихтисос ба Русия ва Қирғизистон рафтанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
12 номзади илм дар ДЭТ

12 номзади илм дар ДЭТ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА