Дар як сатр
» » Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

16-02-2019, 14:42

Дар нишасти матбуотии Суди вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2018-ум 600 адад шикоят ва эътирозҳои назоратӣ ворид гардидааст. Аз ин  шумора 177 адад парвандаҳои ҷиноятӣ,  43 адад маъмурӣ, 285 адад гражданӣ- оилавӣ мебошад. 

Аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон 160 парванда баррасӣ гардида, нисбати 172 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Инчунин, дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 895 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардида, аз ин 2 ҳазору 687 адад парвандаҳо баррасӣ карда шудааст. 208 адад парвандаҳо боқӣ мондааст. 1239 адад тайинотҳои хусусӣ бароварда шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 122 адад зиёд мебошад.  Аз ин шумора 139 нафар ноболиғ ва 117 нафар зан мебошад. Аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи умумии 14 миллиону 735 ҳазору 570 сомонӣ ҷазои ҷарима таъйин карда, аз ин маблағ 7 миллиону 521 ҳазору 791 сомонӣ рӯёнидани шудааст.

- Аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 125  парванда оид ба ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт, - зикр кард Р. Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон. - Инҳо бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо баррасӣ карда шудааст.

- Ҷудошавии оилаҳо рӯ ба афзоиш  аст,  - афзуд Р. Мирзозода. – Дар ин давра 4 ҳазору 722 адад парванда оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба Суди вилоят ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 600 адад зиёд мебошад. Инчунин, аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 ҳазору 468 адад парванда барои рӯёнидани алимент баррасӣ шудааст, ки  ин нисбат ба соли гузашта 197 адад зиёд мебошад.

Дар ин давра аз тарафи Суди вилояти Хатлон 15 адад парвандаҳо ба тафтишоти иловагӣ  баргардонида шуда, 3 парванда сафед шудааст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният
Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
15 ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳ

15 ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳ

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР