Дар як сатр
» » 21 устоди ДДБ рисолаҳои илмиашонро дифоъ намуданд

21 устоди ДДБ рисолаҳои илмиашонро дифоъ намуданд

15-02-2019, 12:40

19 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар соли 2018 рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар диссертатсияи доктории худро дифоъ карда, ба дарёфти дараҷаҳои илмӣ ноил шудаанд. Дар ин бора Шодиён Муҳаммад Султонзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ректори ДДБ дар идома гуфт, ки дар баробари Шӯрои амалкунандаи диссертатсио-нӣ оид ба методикаи таълими математика, методикаи таълими физика ва методикаи таълими информатика, инчунин дар моҳи декабри соли 2018 дар заминаи донишгоҳи мазкур Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои нави диссертатсионӣ оид ба таърихи илм ва техникаро таъсис дод.

- Шӯрои навтаъсис дар қаламрави Осиёи Марказӣ ягона буда, 15 нафар олимони саршиноси соҳа узви ин шӯро мебошанд, - зикр кард М. Шодиён.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз маҷмааи варзишии ДДБ ба номи Носири Хусрав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Ин маҷмаа аз майдони калони футбол, майдонҳои бозии баскетболу волейбол иборат аст. Сохтмони ду бинои нави таълимӣ низ бомаром ҷараён дошта, дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад. «То рӯзҳои таҷлили Наврӯз азм дорем, ки студияи нави телевизиониро пурра таъмир намуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоем. Ин студия майдони хубе барои таҷрибаандӯзии донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории донишгоҳ хоҳад буд», - афзуд М. Шодиён.

Ректори ДДБ аз иқдоми ҷавонмардонаи 18 хатмкунандаи факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ дар соли 2018 ёдовар шуд, ки довталабона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастанд. Имсол низ, тибқи маълумоти муқаддамотӣ, беш аз 100 нафар хатмкунандаҳои донишгоҳ ихтиёран ба аскарӣ рафтанианд.

 

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

М. Шодиён: «иттиҳомоти пойгоҳи «Диссернет» асоснок нест»

М. Шодиён: «иттиҳомоти пойгоҳи «Диссернет» асоснок нест»

Маориф ва илм
Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА