Дар як сатр
» » Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

14-02-2019, 10:28

Дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ  доир шуд.

Назарзода Бахтиёр сардори Сарраёсати молияи вилоят ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2018 ҷиҳати мақсаднок ва сарфакорона истифода кардани  маблағҳои буҷетӣ, таъмини маоши  кормандони буҷетӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсат ва дигар мақомоти дахлдор ба роҳ монда, корҳои муайянеро дар ин самт ба анҷом расонид.    Таъкид рафт, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети  маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1022,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати соли 2017-ум 122 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, Назарзода  Бахтиёр  дар баромадаш зикр дошт, ки иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет имкон дод, қисми хароҷоти он аз рӯйи даромадҳои воқеӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят зиёда аз 1515,7 миллион сомонӣ равона карда шавад. Дар маҷмӯъ, 1336 миллион сомонӣ  ё 88 фоизи маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоёт, аз ҷумла маориф 880 миллион сомонӣ ё 58 фоиз, тандурустӣ 392 миллион сомонӣ ё 25,9 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 11 миллион сомонӣ ё 0,7 фоиз, фарҳанг ва варзиш 52 миллион сомонӣ ё 3,4 фоиз хароҷот гардидааст.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молияи вилоят Маркази бозомӯзӣ бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил кард. Бо таъсиси чунин маркази муосир 156 нафар корманди соҳа савияи дониши худро баланд бардошта, соҳиби сертификат гардидаанд.

Масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон хабар доданд, ки  соли 2018 аз тарафи  соҳибкорони вилоят 46 адад лоиҳаҳо таҳия гардида, ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шуд, ки 6 лоиҳа ба маблағи 10,9 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Сипас, кормандони ВАО ба роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон оид ба фаъолияти бахшу шуъбаҳои молияҳои шаҳру навоҳӣ, ҷудо намудани маблағҳо ба соҳаҳои хоҷагидорӣ, пардохти саривақтии маоши кормандони соҳаҳои вилоят суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Далер Шарифов




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА