Дар як сатр
» » Дар солимгардонии муҳити зист саҳм мегиранд

Дар солимгардонии муҳити зист саҳм мегиранд

14-02-2019, 11:58

Баҳри кабудизоркунӣ, солимгардонии муҳити зист ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, инчунин саҳмгузорӣ дар раванди Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмо-ни Ҷомӣ барои соли 2019, дар қаламрави шаҳраку деҳоти ноҳия 20000 дарахтони гуногун шинонданд.

Чуноне ки аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ин бора иттилоъ доданд, ҷиҳати  иҷрои ин нақша, аз аввали соли равон хоҷагидорон ва сокинони шаҳраку деҳот аз имконияту ҳавои мусоид истифода карда, ин маъракаи муҳимро метезонанд. Рӯзҳои истироҳат бошад, ҳашари умуминоҳиявӣ эълон шудааст, ки дар он кормандону хизматчиён  фаъолона ширкат варзида, дар самти ободонию кабудизоркунии атрофи корхонаву идора саҳм мегузоранд. 

Ба мақсади иҷрои нақша дар қаламрави шаҳраку деҳот, аллакай наздики 10000 дарахти гуногун, 5000 бех гулҳои лолаву садбарг шинонда шуд. Ҳамчунин, баҳри таъмини ҳамешасабзии маҳал бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия 800 дона дарахти ҳамешасабз   ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастрас намудааст.

Чуноне дар ситоди ба ин мақсад ташкилнамуда раиси ноҳия қайд намуд, дар баробари шинондани дарахтону гулбуттаҳо, ҳар як фарди солимфикру ватандӯстро мебояд маҳсули меҳнаташро қадр намуда, баҳри парваришу нигоҳубини он диққат диҳад. Масъулинро лозим аст, нашъунамои дурусти дарахту гулбуттаҳоро дар қаламрави  хоҷагӣ, идора, ҷамоат назорат баранд.

И. Ҳасанов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар солимгардонии муҳити зист саҳм мегиранд

Дар солимгардонии муҳити зист саҳм мегиранд

Тандурустӣ ва экология

Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ободонӣ мароми мост

Ободонӣ мароми мост

Ҳаёти иҷтимоӣ

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Хабарҳо
Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА