Дар як сатр
» » Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

16-02-2019, 12:52

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллат - 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунии муҳити зист дар  ноҳияи Кӯшониён вусъати тоза  касб  мекунад.

Дар маъракаи муҳим саҳмдорони хоҷагиҳои деҳ-қонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳия  ва дигар  сокинон  дастҷамъона ба ҳашар баромада, дар шафати роҳи нақлиётгарде,  ки ҷамоати маҳалро бо маркази  вилоят мепайвандад, садҳо бех ниҳоли тут ва арчаву  сӯзанбарг шинониданд.

Тибқи  иттилои Юсуфзода  Абдуҷаббор, раиси Ҷамоати деҳоти «Заргар», барои таъмин намудани сабзонидани ниҳолҳо шахсони алоҳида вобаста шудаанд. Сокинони   ҷамоат азм  кардаанд, ки то  ҷашн сарсабзии маҳалро таъмин, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд. Теъдоди  ниҳолҳои то ба имрӯз  шинонидаи заҳматкашон 6000 бехро дар бар гирифта, маъракаи ниҳолшинонӣ  дар  ҳудуди ҷамоат  идома дорад.

Ҳамчунин  мушоҳида карда шуд, ки маданияти истифодабарии замин дар ҳудуди  Ҷамоати деҳоти «Заргар» риоя гашта, кишоварзони  маҳал  дар радифи бунёди  боғ ва  парвариши дигар навъи зироат, дар парвариши лимӯ ва  рушди соҳаи ситруспарварӣ ҳиссаи муносиб доранд. Дар қитъаҳои алоҳидаи замини ҳудуди ҷамоати деҳот даҳҳо гармхона  мавҷуд аст. Таъсиси гармхонаҳо, ба андешаи кишоварзон, агар аз як ҷониб  шароити мусоидро барои  парвариши лимӯ  фароҳам оварад,  аз тарафи дигар, то ба  ҳосил омадани ниҳолҳо дар дохили  гармхона картошка  ва зироати мухталифро метавон парвариш кард. Пурмаҳсул истифода шудани замин боиси ғанӣ гаштани маҳсулоти ватанӣ  дар бозорҳои дохили кишвар ва  беҳдошти рӯзгори  сокинон мегардад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён бомаром  идома дорад.        

 

О. Ҳасанова



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ