Дар як сатр
» » Ободонии деҳот ободии Тоҷикистон аст

Ободонии деҳот ободии Тоҷикистон аст

15-02-2019, 10:45

Имрӯз деҳа на танҳо маҳалли истиқоматии аҳолӣ, балки муҳити иҷтимоиву сиёсиест, ки устувории муносибатҳо дар он дар маҷмӯъ ба устувории муносибатҳо дар давлат мусоидат менамоянд. Бо дарназардошти ҳамин муҳиммият дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон ба масъалаи рушди деҳот диққати махсус дода шуда, масъалаҳои таъмини рушди устувори деҳа дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ мақоми худро пайдо намудаанд.

 Дар самти татбиқи ҳадафҳо дар ин самт дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чор ҷанбаи муҳимро ҷудо намуд:

- якум, ҷанбаи меъёрию стратегӣ, ки дурнамои рушди деҳа тавассути мақсадгузориҳои дорои хусусияти ояндабинӣ ва ҳадафманд дар доираи манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ инъикос меёбанд;

- дуюм, ҷанбаи амалӣ, ки динамикаи рушди иҷтимоии деҳаро муайян намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳо дар доираи стратегияҳои тасдиқшуда ҷиҳати рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иҷтимоиву фарҳангии деҳа мусоидат менамоянд;

- сеюм, пешниҳоди ғояҳои таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ, ки дар доираи онҳо баҳри тақвияти бештари шуғлмандӣ, ҳифзи мероси гузаштагон, муайян намудани имкониятҳои то ба ҳанӯз ноаёни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконпазир мегардад;

- чорум, тақвияти василаҳои муаррификунандаи деҳот, ки тавассути онҳо муаррифии деҳот ба муҳити беруна ва муаррифии муҳити беруна ба деҳот сурат мегирад.

Вобаста ба ҷанбаи якум дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то солҳои 2010 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-2020 нишондодҳо муайян гардидаанд, ки вобаста ба он метавон дар бораи ҳадафҳои рушди кишвар ва мавқеи деҳот дар он хулосаҳои зарурӣ баровард.

Ҷанбаи амалие, ки динамикаи рушди деҳотро дар муҳлатҳои нисбатан кӯтоҳ таъмин менамояд,  чораҳоеро дар назар дорад, ки тавассути амалӣ намудани онҳо рушди деҳот дар тамоми самтҳо таъмин карда мешавад. Мисоли аниқи ин гуфтаҳо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1059 аз моҳи майи соли 2018 дар бораи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Моҳияти ин амр дар он аст, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро дар муҳлати ду моҳ тасдиқ ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин иқдом ҷанбаҳои муҳимме дорад, ки онҳо имконият медиҳанд дар сатҳи рушди маҳал такони ҷиддӣ рӯйи кор оварда шавад. Пеш аз ҳама, ин таваҷчуҳи сиёсӣ ба маҳал аст, ки мушкилиҳои мавҷудаи он тавассути ташкили фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бартараф карда мешаванд.

Дуюм-сафарбаркунии роҳбарони мақомоти марказӣ баҳри шинохти воқеияти маҳал, имконият ва шароитҳои мавҷуда, дарки вазъи воқеӣ, шинохти рӯҳияи мардум, танзими муносибатҳои иҷтимоии мавҷуда дар он мусоидат намуда, самаранокии механизми идоракунии давлатӣ ва банақшагирии минбаъдаи стратегиро таъмин менамояд.

Сеюм-баҳри фаъолгардонии мавқеи шаҳрвандӣ ва сафарбарнамоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои хусусияти иҷтимоидошта мусоидат намуда, ҳамзамон баҳри густариши робитаи байни ҳокимият ва ҷомеа мусоидат менамояд.

Таҳлили марҳилаи нахустини иҷрои ин амр нишон медиҳад, ки дар доираи ободонии деҳот ҳазорҳо иншооте  ба нақша гирифта шудаанд, ки бунёди онҳо симои деҳотро ба куллӣ тағйир хоҳанд дод.  Ҳамчунин, беҳтар гаштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ на танҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, балки ҷиҳати беҳтар гаштани сифати захираҳои инсонӣ низ мусоидат мекунад.

Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки яке аз омилҳои таъминкунандаи муваффақияти дилхоҳ сарвари сиёсӣ  ва якдилӣ дар ҷомеа ин пешниҳоди ғояи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Дарёфт ва пешниҳоди ин ғоя, пеш аз ҳама, аз дурандешӣ, дарки воқеияти сиёсӣ, қобилияти баланди дарки моҳияти равандҳои сиёсӣ, банақшагирӣ ва пешгӯии онҳо вобастагии зич дорад. Аслан на ҳар ғоя метавонад ба сифати ғояи муттаҳидкунанда баромад намояд. Муваффақияти муттаҳидкунандагиро фақат ҳамон ғояе соҳиб шуда метавонад, ки интизориҳои ҷомеаро бароварда созад. Одатан, ин ғояҳо диққати аҳли ҷомеаро ба ҳалли масъалаи муайян равона карда, бо ҳамин васила барои ноил гаштан ба мақсадҳои муайян мусоидат мекунанд. Пешниҳоди ғояи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар сатҳи деҳот низ аҳамияти махсус доранд. Зеро марҳилаи кунунии рушди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки тавассути андешидани чораҳои дохилӣ таҳкими сиёсати давлатӣ дар рӯ ба рӯйи таъсири беруна зарур мебошад. Ин таҷриба дар сиёсати давлатдории Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи васеъ истифодашаванда ҷиҳати сафарбарнамоии неруи ҷомеа баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои давлат, иҷрои функсияи муттаҳиднамоии ҳокимият, талқини ғояҳои миллӣ тавассути чораҳои гуногуни институтсионалӣ ва идеологӣ аҳамияти муҳим дорад. Эълони соли 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, соли 2015 ҳамчун Соли оила, соли 2017 – Соли ҷавонон, соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ намунаи иқдомҳое мебошанд, ки баҳри таъмини ҳамгироии нерӯи давлатӣ ва ҷамъиятӣ аҳамияти муҳим дорад. Бахусус, ду иқдоми охирин маҳз баҳри фаъолгардонии ташаббусҳо дар сатҳи деҳот нигаронида шуда, баҳри муаррифии деҳот ва неруи он, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва фалсафаи онҳо, тарбияи ифтихори миллӣ тавассути тарғиби ҳунар, рушди арзишҳои миллӣ ва анъанаю суннатҳо такони ҷиддӣ гашт. Вобаста ба ин, дар замони ҷаҳонишавӣ ин иқдомҳо як қатор вазифаҳои дигар, аз қабили:

- коркарди механизми ҷамъиятии муқовимат ба таҳдидҳои хусусияти маҳвкунандаи анъанаҳои миллидошта, ки тавассути бор намудани ғояҳои бегона ва беҳтар нишон додани он амалӣ карда мешуд;

- ташаккули заминаи моддӣ баҳри эҳё ва рушди арзишҳои миллию давлатдории ифодакунандаи ҳувияти миллати тоҷик ва давлатдории миллии он тавассути ҳифзи ҳунарҳои миллӣ ҳамчун рукни муҳимми фарҳанги миллӣ;

- ташаккули механизмҳои ҷадиди иҷтимоишавии шахс тавассути баланд бардоштани самаранокии шуғли анъанавӣ, муаррифии чеҳраи шахси ҳунарманд ҳамчун намояндаи қишри анъанавие, ки мавҷудияти он дар ҷомеаи тоҷик таърихи дурудароз дорад;

- ташаккули фазои мафкуравӣ баҳри эмин нигоҳ доштани арзишҳои иҷтимоии умумипазируфта аз олудашавӣ бо меъёрҳои таҳрифшудаи динию мазҳабӣ ва миллии бегона, ки таҳти таъсири беруна ба миллати мо бор шудаанд. Институтҳои анъанавӣ, аз он ҷумла Шӯроҳои калонсолон, шахсони обрӯманди маҳалла ва кӯчаҳо, занону ҷавонони фаъол, ходимони дин, олимон ва аҳли зиё, ки табақаи таъсиррасону бонуфуз ва обрӯмандро ташкил медиҳанд, метавонанд тавассути ташкили фаъолияти тарғиботию маърифатӣ баҳри пешгирии ин равияҳо саҳми босазо дошта бошанд. Зеро ин гурӯҳи шахсиятҳо дар ҷомеа тавассути дарки баланди воқеият, илм, ғояҳо, фикру ақида ва донишҳои илмию динии худ метавонанд баҳри дарки воқеии моҳият ва мазмуни  равияҳои ифротӣ мусоидат намоянд.

Ин омилҳо функсияи муқовиматии худро дар замони шадид гаштани муборизаҳои геополитикӣ иҷро намуда, имконият медиҳанд, ки муҳити деҳот низ дар самти ҳифзи худ аз таҳоҷуми бегона амнияти худро ҳифз намояд.

Зафар Мирзоев, 

омӯзгори коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ

Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ

Хабарҳо
Об ва масъалаҳои рушди устувор

Об ва масъалаҳои рушди устувор

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Хабарҳо, Маориф ва илм