Дар як сатр
» » Ёвон. Корхонаҳои саноатӣ ба хориҷа ба маблағи қариб ним миллиард сомонӣ маҳсулот содирот кардаанд

Ёвон. Корхонаҳои саноатӣ ба хориҷа ба маблағи қариб ним миллиард сомонӣ маҳсулот содирот кардаанд

16-02-2019, 13:44

Соли 2018 аз тарафи нозироти андози ноҳияи Ёвон 1922 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 516 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 10 миллиону 660,4 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 760 соҳибкор ба тариқи патент, 116 соҳибкор ба тариқи шаҳодатнома ва 4 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.

Дар ноҳияи Ёвон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 53,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-2020 бошад, 243 лоиҳаро ба маблағи 695,1 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 январи соли 2019 214 лоиҳа ба маблағи 2 миллиарду 59,9 миллион сомонӣ (яъне 3 баробар зиёд) ба иҷро расидааст.

Ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ дар соли 2018 аз ҳисоби сармояи мустақил 157 миллиону 517 ҳазор сомонӣ, қарз ва грантҳои бо кафолати давлатӣ ҷалбшуда 28 миллиону 260 ҳазор сомонӣ ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид шудаанд, 26 миллиону 962,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон дар муқоиса бо як соли пеш 23,4 миллион сомонӣ афзуда, ба 1 миллиарду 345 миллион сомонӣ расонида шуд.

Таври маълум, ибтидо аз моҳи декабри соли 2015 ноҳияи Ёвон ба ноҳияи содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ табдил ёфтааст. Дар соли 2018 аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 460 ҳазору 39,5 тонна семент, ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» ба миқдори 502 ҳазору 400 тонна семент, аз корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ «Хуачиан Ғаюр индастриал» ба миқдори 385 ҳазор дона гачкартон, аз корхонаи истеҳсоли намаки ошии ҶДММ «Намаки Ёвон» 35 тонна намак, аз фабрикаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагии ҶДММ «Ваҳдат» 3 миллиону 928,4 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 104,6 тонна риштаи рангкардашуда, 1251,1 тонна риштаҳои пахтагин ва аз корхонаи ҶДММ «Талко Кемикал» 2068,4 тонна алюминий фтордор ва 60 тонна криолит, ки дар маҷмӯъ, маблағи 471 миллиону 671 ҳазору 813 сомониро ташкил дода, нисбати соли 2017 ба андозаи 190 миллиону 973,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Имрӯзҳо дар ин самт корҳо идома доранд.

Соли 2018 аз ҷамъи 43 корхонаи саноатӣ 41 корхона фаъолият дошта, 2 корхона фаъолият накарданд.

Дар ноҳияи Ёвон соли гузашта 9 корхонаю коргоҳ бо 136 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Аз ҳисоби соҳибкорон соли 2018 дар ноҳияи Ёвон 2,8 километр роҳҳо ба маблағи 16 миллион сомонӣ таъмири асосӣ, 30 км ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ, 26,5 километр ба маблағи 98,2 ҳазор сомонӣ сангфарш ва 5 пул ба маблағи 3,7 миллион сомонӣ таъмиру барқарор карда шуда, имрӯзҳо дар пули автомобилгарди кӯчаи Р.Раҷабови ноҳия корҳои таъмирӣ идома доранд.

Гуфта мешавад, ки бо сабаби сипарӣ гардидани муҳлати истифодаи роҳҳо 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ёвон ба таъмири куллӣ ниёз доранд.

Дар идораи кишоварзии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта 890,1 миллион сомониро ташкил дод. Кишти зироати асосӣ - пахта дар майдони 11500 гектар гузаронида шуда, иҷрои дурнамои он дар соли 2018 ба 17284,5 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 ҳазор тонна ё худ 26,7 фоиз кам шудааст.

Истеҳсоли ғалладонагӣ бошад, ба 43,1 ҳазор тонна, сабзавот ба 77,3 ҳазор тонна, гӯшт ба 9239 тонна, шир ба 47100 тонна, истеҳсоли тухм ба 7 миллион 304 ҳазор дона, меваҷот ба 9763,6 тонна, ангур ба 9436 тонна ва полезӣ ба 42828,3 тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 афзоиш мутаносибан аз 1 то 16 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 97 ҳазору 464 сар, моли майда ба 182 ҳазору 665 сар, саршумори паранда ба 124275 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 саршумори чорвои калон 458 сар, моли майда 2691 сар зиёд мебошад.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда 39,6 ҳазор дарахт шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 106 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли 2018 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳияи Ёвон дар майдони 9 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 8 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вазорати саноат ва технологияҳои нав:  «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ  ...

Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ...

Иқтисоду тиҷорат

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

Бохтар. Дастовардҳо дар соҳаи саноат

Хабарҳо

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо