Дар як сатр
» » ДАСТАРХОНОРОИИ БОНУВОНИ ТОҶИК САЙЁҲОНИ ХОРИҶИРО ТАСХИР КАРД

ДАСТАРХОНОРОИИ БОНУВОНИ ТОҶИК САЙЁҲОНИ ХОРИҶИРО ТАСХИР КАРД

15-02-2019, 10:41

Дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар озмуни вилоятии "Дастар-хонороӣ” ҷамъбаст гардид. Тавре ки дар шумораҳои қаблӣ иттилоъ дода будем, нахуст ин чорабинӣ дар шаҳру ноҳияҳо доир гардида, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Толори тарабхонаи "Левакант” он субҳ серодам буду ҳунармандону таббохони шаҳру ноҳияҳо хӯришу хӯрокҳои миллӣ, нону гирдача, чаппотию таҳмол, умуман, садҳо навъи дастпухти хешро пешкаши  ҳакамону ҳозирин намуданд. Дар ин чорабинӣ  ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Левакант, Ховалинг, Ҷ. Балхӣ, Хуросон, Данғара, Фархор, Кӯшониён, Балҷувон, Ёвон дар баробари пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ ба ороишу одоби меҳмондорӣ диққати ҳамаҷониба доданд.   Муҳим аз ҳама, баргузор гардидани чунин чорабиниҳо имкон фароҳам  овард, ки хӯрокҳои миллӣ аз нав эҳё гардад.

Кадбонуҳои ҳунарманд дар озмуни мазкур таомҳои миллӣ, аз қабили нишоиста, ривоҷ, рубиҷ, ғалмундӣ, ширкаду, ширбиринҷ, ширрӯған, тарҳалво, қурутоб, чанголӣ, оши бурида, оши палав, мошкучурӣ, далда ва ғайраро пешкаши ҳакамон гардониданд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода зимни ҷамъбасти озмуни мазкур иброз дошт, ки занону бонувони тоҷик бо ҳунари волои хеш, бахусус пухтупази хӯроку маҳсулоти нонӣ аз қадим ном баровардаанд.

Меҳмоннавозии тоҷикон имрӯз низ хориҷиёнро ҷалб намудааст. Аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардидани солҳои 2019-2021   Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки баҳри сайқал додани ҳунару малакаи хеш талош варзад. Муҳим аз ҳама, ҳунари хешро муаррифӣ намояд. Одоби меҳмондорӣ, тарзи дастархонороиро бо харҷи каму пешниҳоди хӯрокҳои миллии пурлаззату муфид барои саломатӣ  риоя созад. Маҳсулоти тару тозаи дар Тоҷикистони азиз истеҳсолшуда имрӯз диққати хориҷиёнро низ ба худ ҷалб намудааст.

Танҳо соли 2018 беш аз 2 миллион нафар сайёҳон ба ватани азизи мо, аз ҷумла ба вилояти Хатлон низ ташриф овардаанд.  Бонувони ҳунарманди мо метавонанд маҳсули ҳунари волои хешро ба мисли пазандагию бофандагӣ, дӯзандагию заргариро пешкаши мизоҷон намоянд.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба иштирокчиёни чорабинӣ изҳори сипос намуда, ба беҳтаринҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супурд.

 

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳхат ба даври навбатӣ

Фарҳанг ва адабиёт

Роҳхат ба даври навбатӣ

Фарҳанг ва адабиёт

ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

Фарҳанг ва адабиёт
«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА