Дар як сатр
» » Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

14-02-2019, 13:37

Боронҳои селу пайдарпайи солҳои охир ба баландшавии сатҳи дарёву сойҳо ба рахна гардидани соҳилҳо оварда расонидааст, ки мардуми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ин ҳисоб   хисороти зиёд дидаанд. Ба хотири пешгирӣ аз ин офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти "Саричашма” як қатор деҳаҳое, ки дар соҳили сойҳо ҷойгир шудаанд, осебпазир мебошанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои масъул ва тариқи ҳашари сокинон корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар чанд мавзеъ идома дода истодаанд.

Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи мазкур Диловар Икромов чунин иброз дошт: «Дар Ҷамоати деҳоти «Саричашма» беш аз 15 техника сафарбар карда шуда, кормандони корхонаю ташкилот ва сокинони деҳаҳо дар корҳои соҳилбандӣ ҷалб гардидаанд. Дар дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ кумак мерасонанд. Боварӣ дорем, то оғози боронҳои сел қитъаҳои осебпазир бехатар гардонида мешавад».

Мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии ноҳия низ   ҳашарчиёнро маводи сӯзишворӣ таъмин намуда, техникаҳои ноҳияро сафарбар намудааст. Ҳоло паҳлуи чапи пули байни деҳа  шуста гардида, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва дар ин мавзеъ бо ҷалби техника корҳои соҳилбандӣ шурӯъ шудаанд. Барои симтӯрбандӣ бошад, сангу дигар маводи сохтмонӣ захира намуда, баъди анҷоми корҳои заминӣ симтӯрбандӣ оғоз мегардад.

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ
Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав дар Ш. Шоҳин

Хабарҳо
Зарари аз офатҳои табиӣ расида беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст (виде ...

Зарари аз офатҳои табиӣ расида беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст (виде ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА