Дар як сатр
» » Бунёди иншооти ҷашнӣ дар Темурмалик

Бунёди иншооти ҷашнӣ дар Темурмалик

16-02-2019, 11:36

Сокинони ноҳияи Темурмалик баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро вусъат мебахшанд.

Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия шинонидани ниҳолҳои ороишию сояфкан, гулу буттаҳо ва сарсабзгардонии канори роҳҳо ҷараён дорад. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бошад, иншооти  маданию маишӣ, корхонаҳои хурду сехҳо, марказҳои хизматрасонию савдо ва муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд.

Сармеъмори ноҳия Исроил Талбаков ҳамгоми суҳбат чунин гуфт: «Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 248 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудаанд. То имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 19 иншоот ба маблағи беш аз 4,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситод ва гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аз рафти корҳои ободонӣ ва сифати сохтмони иншоот пайваста назорат мебарад. Ба иттилои масъулон баъди пурра сохта ба истифода додани иншоот беш аз 800 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин   мегарданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

ШАҲРИТӮС: СОХТМОНИ 363 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо