Дар як сатр
» » Мамнуъгоҳи Даштиҷум мавзеи тамошобоб аст

Мамнуъгоҳи Даштиҷум мавзеи тамошобоб аст

16-02-2019, 16:31

Даштиҷум  мавзеи хушбоду ҳаво буда, табиати дилрабо дорад. Мамнуъгоҳи Даштиҷум бошад, тамошобоб асту диққатҷалбкунанда. Аз ин рӯ, сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин мавзеъ омада, таассуроти зиёд мебардоранд ва бораи ин гӯшаи биҳиштосои диёр маълумот пайдо мекунанд.

Дар тавозуни мамнуъгоҳ 19700 гектар замин мавҷуд буда, намудҳои гуногуни ҳайвонот ва парандагон дар он нигоҳ дошта мешаванд. Кормандони мамнуъгоҳ барои ҳифзу нигоҳдошти олами вуҳуш пайваста корҳои биотехникӣ мегузаронанд. Сарҷангалпарвари мамнуъгоҳ Баҳодур Икромов мегӯяд: "Зимистони имсола сарду сербориш омад ва барои ҳайвоноту парандагон беш аз 1 тонна дон, хӯроки консентратӣ ва коҳу беда дар ҷойҳои ҷамъшавиашон гузоштем”

Дар Мамнуъгоҳи давлатӣ - табиии Даштиҷум сол ба сол саршумори  ҳайвонот ва парандагон афзоиш меёбанд. Дар ин кор ба мамнуъгоҳи давлатӣ ширкати шикории ҶДММ «Морхӯр» кумаки ҳаматарафа мерасонад. Ширкати мазкур бо мамнуъгоҳ ҳамкории зич дошта кормандонро бо сару либос ва лавозимот таъмин менамояд. Амир Муродов, корманди мамнуъгоҳ, зимни суҳбат чунин иброз дошт: «Дар мамнуъгоҳ аслан, бузҳои пармашох ё морхӯр, бабри барфӣ, меши бухороӣ, кабку фазан ва дигар ҳайвоноту парандагон ба маротиб зиёд шудааст».



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздид аз мамнӯъгоҳи  «хуталон» дар ноҳияи данғара

Боздид аз мамнӯъгоҳи «хуталон» дар ноҳияи данғара

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Арсаи кишоварзӣ
Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
«Бешаи палангон»

«Бешаи палангон»

Хабарҳо, Туризм, Номаҳои Шумо
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА