Дар як сатр
» » Саҳми занон дар рушди илми муосир

Саҳми занон дар рушди илми муосир

15-02-2019, 16:27

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон  ва оила дар маҷлисгоҳи  Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Н. Хусрав конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии  занон дар соҳаи илм, таҳти унвони  " Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро    муовини раиси вилоят,  доктори илми фалсафа, профессор  Хидирзода Махфират  ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки шумораи занон дар соҳаи илм сол то сол афзуда истодааст.  Аз 350 нафар олимон  59 нафарашонро занону  бонувон ташкил менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ҷомеае, ки ба зан - модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Дар ҳақиқат, бо иқдоми Роҳбари давлат   имрӯз барои фаъолияти занону бонувон дар тамоми ҷабҳаҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Даҳҳо санаду фармонҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба тасвиб расиданд, ки баробарии занону мардонро нишон медиҳанд. Дар ҳар як Паёму суханрониҳояш Роҳбари давлат таъкид месозад, ки нисбати занону модарон ғамхории бештар зоҳир гардад. Тавре ки дар конференсия  таъкид гашт, дастгирии бевоситаи занону бонувон дар ҳамаи самтҳо ба назар мерасанд. Натиҷа ин аст, ки дар вилояти  Хатлон 3 нафар зан доктори илм, професор, 56 нафар номзади илм, 14 нафар дотсент ва 567 нафар  унвонҷӯву  тадқиқотчӣ мебошанд. Ҳамин тавр, кори конференсияи  илмӣ  дар 5 бахш идома ёфт. Аз ҷумла, доир ба мавзӯъҳои нақши занон дар ҷомеа, қаҳрамони лирикии шеъри Зиё Абдулло, марсия ва анвои он, Гулрухсор – тадқиқгари рубоиёти Хайём, ниҳоди сарварии занон дар ҷомеа, мавқеи ҷадвалҳои электронӣ дар иқтисодиёт, «Роғун»-саҳифаи зарринанд соли 2018, Табассум Тағоева,  Ҳавасмоҳ Бобошоева, Қурбоной Пирхонова, Р. Ниёзова, М. Расулова  ва дигарон маърӯза намуданд. Доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода доир ба мавзӯи "Тартиби гендерӣ дар сиёсати гендерии кишварҳои Осиёи Миёна; вазъи муосир ва дурнамои рушд” маърӯза намуд.

Ҳамин тавр, доир ба бахшҳои филология, технологияи иттилоотӣ, табиӣ ва тиббӣ, иқтисодӣ, педагогика ва методикаи таълим, таъриху сиёсатшиносӣ 121 мақолаи илмӣ пешниҳод гардид, ки 40 муаллифи мақола-ҳои беҳтарини аз ҷониби гурӯҳ пешниҳод-гардида  бо сипосномаҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Сипосномаҳоро муовини раиси вилоят ба маърӯзачиён супурда, барояшон дар ҷодаи илм дастовардҳои  нав ба навро орзу намуд.   

 

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Зан - роҳбар»

Ҳокимияти давлатӣ
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ