Дар як сатр
» » «Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

14-02-2019, 16:20

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаригардида раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи Шаҳритӯс дидан ба амал овард.  Дар баробари шиносоӣ бо фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия раиси вилоят аз хонаҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, меҳтароне, ки барои ободонӣ ва шукуфоии ватани азиз заҳмат кашидаанд, дидан кард. 

Роҳбари вилоят сараввал аз вазъи рӯзгори меҳтари меҳнат Ҳаитқул Худойбердиев пурсон гардид. Зимни суҳбат пири равшанзамир таъкид дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  атои Худованд барои тамоми мардуми тоҷику тоҷикистонист. Ин пири 81-сола аз хизматҳои арзандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, шукргузорӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва  осмони софу рӯзгори пурсаодати тоҷику тоҷикистониён намуд.

Кенҷа Хушомадов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз аёдати роҳбари вилоят хушҳол гардида, бо як ҳисси  фараҳмандӣ аз сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ва эҳтиромаш ба меҳтарони ҷангу заҳмат ёдовар шуд. Ин бобои 98-сола, ки ҳанӯз ҳам доғи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалбу  тиру оҳанпораҳои ҷанг дар бадан дорад, аз он лаҳзаҳои мудҳиш ёд оварда, шукргузорӣ  аз рӯзгори пурсаодати сокинони ватани маҳбуб намуд. Дар ҳақиқат, умри бобаракати ин собиқадорони арсаи ҷангу меҳнат намунаи барҷастаи мардонагӣ, шуҷоату  далерӣ, ватандӯстиву хештаншиносист. Ин родмардони ватан сина сипар намуданд, то   адӯи хуношом рӯзгори ободу сарзамини аҷдодиамонро рахна назананд. Солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёд оварда, ӯ аз қаҳрамониҳои ҳамяроқон қисса мекард, қиссаи некномии ҷавонмардӣ.

Муҳим аз ҳама, ин меҳтарони ҷангу меҳнат пас аз хизмати муқаддаси ватан майдони ҷангро ба майдони меҳнат ва  яроқро ба каланд    иваз намуда, барои ободии   ватани азиз заҳмат кашиданд. Ҳеҷ гоҳ худнамоӣ накардаанд. Ҷойи хешро дар майдони корзори ватан дарёфтанд. Натиҷа ин аст, ки имрӯз соҳибэҳтироми  ҳамагон гардидаанд. Меҳтари матбуот Мусулмонқул Ҷӯрақулов низ ҳаёти пурсамари хешро ба рушди матбуоти даврӣ бахшидааст.  Ҳангоми суҳбат ба раиси вилоят доир ба айёми ҷавонӣ, фаъолияти корӣ, вазъи рӯзномаи ноҳиявӣ дар ҳамон солҳо ҳикоят намуд. Рӯзномаи "Субҳи Шаҳритӯс” таърихи тӯлонӣ дошта, авроқе аз таърихи як гӯшаи ватани азизамон ба шумор меравад. Матбуот инъикосгари дирӯзу имрӯзу фардои ватан аст. Ҳар як шумораи рӯзномаҳои даврӣ таърихи зиндаи имрӯзу дирӯзи миллат аст. Раиси вилоят зимни суҳбат бо пирони рӯзгордида, собиқадорони ҷангу меҳнат зикр намуд, ки онҳо мураббии насли ҷавонанд, рӯзгору корнамоиҳои онҳо сабақест барои ҷавонон дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатқаринӣ.

Пас аз мулоқот ва дидорбинии  собиқадорон  дар Кохи фарҳанги ноҳия ҷаласаи кории раиси вилоят  баргузор гардид. Дар ин ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Шаҳритӯс  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  мудирони шуъбаҳо ва муовинони раиси ноҳия, бахшҳо масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот   ва маҳаллаҳо, соҳибкорон ва кормандони ВАО  ширкат доштанд. 

Ҷамъомадро раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон  оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар ин ҷамъомад асосан ду масъала - дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ва натиҷаҳои ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор мегирад. Сараввал, раиси ноҳия  Рамазон Оймаҳмадзода доир ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия  гузориш дод. Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди таъкидҳои чандинкаратаи муҳтарам Пешвои миллат ҳанӯз ҳам дар ноҳия камбудиҳои ҷиддӣ дар самти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба назар мерасад. Аз 13 корхонаи саноатӣ 9 ададаш умуман фаъолият накард. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбати соли пешин кам шуд. Ноҳия имкон дошт, ки чандин корхонаҳои коркард бунёд намояд, зеро дар ноҳияи мазкур захираи зиёди меваю сабзавот мавҷуд аст.

-Аз ин имконияту захираҳо босамар итифода бурдан ба манфиати кор аст,- ироа дошт раиси вилоят. - Дар ноҳияе, ки 126 ҳазор аҳолӣ дорад, ягон корхонаи истеҳсоли сангу шағал мавҷуд нест, -афзуд раиси вилоят зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шаҳритӯс. Тавре ки равшан гардид, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ кам гардида, истеҳсоли гӯшту тухм низ коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар ноҳия ба талабот ҷавобгӯ нест. Зимни таҳлили соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳритӯс дар тамоми самтҳо камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасад. Роҳбари гурӯҳи  кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритӯс Саид Нуриддин Саид низ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагиҳо ба санаи муҳими таърихӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташвиш намуда, таъкид дошт, ки на ҳама бандҳои  нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузурги миллат ҳанӯз амалӣ шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон киштукори баҳорӣ, кабудизоркунӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба масъулини ноҳия дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

 

А. Сафарова,

«Хатлон»

Аксбардор М. СОТИЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ҳокимияти давлатӣ

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт
Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ

ШАҲРИТӮС: СОХТМОНИ 363 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ