Дар як сатр
» » Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

14-02-2019, 16:06

Ҷаласаи васеи назди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳо, дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони ВАО ширкат доштанд.

 

 Ҷамъомадро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд.

Сараввал, муовини раиси вилоят  У. Зоирзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар моҳи январи соли равон гузориш дод. Номбурда доир ба масъалаҳои даромади қисми буҷети вилоят,  фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ибрози назар намуд. Раиси вилоят аз раисони шаҳру ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ёвон, Восеъ, Левакант, Вахш, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Муъминободу Фархор доир ба камбудиҳои дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷойдошта пурсон гардид. Дар аксар шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ кам гардида, фаъолияти муассисаҳои хизматрасонӣ низ хуб ба роҳ монда нашудааст.

Тавре ки роҳбари вилоят таъкид дошт, бо вуҷуди дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳанӯз ҳам дар шаҳру навоҳӣ камбудиҳо ба чашм мерасанд. Ислоҳи саривақтии камбудиҳо имкон медиҳанд, ки фаъолияти тамоми соҳаҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтару хубтар шавад. Ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боз ҳам афзун гардад. Раиси вилоят таъкид дошт, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ ба шумор рафта, мақсад аз саноатикунонӣ, пеш аз ҳама, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулотро афзун намоянд. Дар ин баробар барои омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар кӯшиш намоянд. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар вилоят беш аз 6 ҳазор иншоотҳои  ҷашнӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои хизматрасонии тиббиву тандурустӣ, бунёди роҳу пулҳо, азнавсозии як қатор иншоотҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар назар аст.

-Бунёди иншоотҳои мазкур имкон фароҳам меоварад, ки инфрасохтори хизматрасонии деҳот боз ҳам беҳтар гардад. Зеро беш аз 80 фисади аҳолии вилоят дар деҳот рӯзгор ба сар мебарад,-афзуд роҳбари вилоят.- Таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи олии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин хотир, бунёди иншоотҳои хизматрасонии замонавӣ дар дурдасттарин деҳот вазифаи масъулини шаҳру навоҳӣ ба шумор меравад.

Роҳбари вилоят аз масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, аз ҷумла мақомоти андоз, молия, нафақа, бонкҳо, шуғли аҳолӣ, омор, савдо, соҳаҳои кишоварзӣ ва иҷтимоӣ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода ба масъулини соҳаи маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият, ба таҳсил пурра фаро гирифтани толибилмон, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан дар озмуну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос супоришҳои мушаххас доданд. Зимни ҷамъомад доир ба омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, киштукори баҳорӣ, бунёду барқарорсозии боғу токзорҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи боғҳои фарҳангӣ низ сухан ронда, баҳри ислоҳи камбудиҳо дастур дода шуд.

Дар ҷамъомад, ҳамчунин озмуни вилоятии «Ободгари ватан», ки миёни соҳибкорон эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид. Нисбати ҳадафҳои Низомномаи озмун муовини раиси вилоят Амирхон Қурбонзода сухан ронда, иброз дошт, ки ба хотири тақвият бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, таъмири роҳу пулҳо, бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ, аз қабили ҳаммом, меҳмонхона, китобхона, дорухона, сартарошхона озмуни вилоятӣ эълон гардида буд. Ба ин озмун беш аз 77 мавод пешниҳод гардида, 32 нафар соҳибкорони шаҳру навоҳии вилоят, барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободониву бунёдкорӣ бо сипосномаи раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раиси вилоят зимни супоридани туҳфаҳо ба соҳибкорон иброз дошт, ки дар ҳақиқат фарзандони баору номус ва ободгари ватан пайваста баҳри шукуфоии ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд. Роҳбари вилоят ба соҳибкорон миннатдории хешро баён намуда, иброз дошт, натиҷаи дастгирии соҳибкорон аст, ки садҳо корхонаи нав, иншоотҳои хизматрасонӣ қомат афрохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Имрӯз зери сиёсати оқилонаю сулҳпарваронаи Президенти мамлакат ҳамагон рӯзгори осуда ба сар доранд ва аз меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ баҳраманд гаштаанд. Ватани азизамон-Тоҷикистон  рӯ ба тараққӣ ниҳодааст.Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат бояд ҳар як фарди баору номус бештару беҳтар фаъолият намояд, ободгару ҳомии ватан бошад.

А. Сафарова,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳокимияти давлатӣ
Қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад

Қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад

Ҳаёти иҷтимоӣ