Дар як сатр
» » ЧАНД ДАЛЕЛИ «ЧАНДПАГОНА» БУДАНИ КАБИРӢ

ЧАНД ДАЛЕЛИ «ЧАНДПАГОНА» БУДАНИ КАБИРӢ

13-02-2019, 17:55

Аз замони расман манъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом, ки дар зарфи чанд сол дар мамлакатамон танҳо бо амалҳои тахрибкориву ифротгароӣ, қатлу куштори чеҳраҳои намоёни миллат, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, тарғибу таблиғи арзишҳои барои миллати мо бегона машғул буд, қариб чаҳор сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз роҳбари гурезпои ин ташкилоти экстремистиву террористӣ М. Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода ба сӯйи Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат сангандозӣ мекунад. Бо киштани тухми нобоварию бадномсозӣ мехоҳад, ки ба мағзҳои мардуми тоҷик таъсир расонад. Аммо намедонад, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон «иммунитети мустаҳкам» дорад ва ҳеҷ гоҳ аз ҳазёни Кабирии ватанфурӯш «сироят» намеёбанд.
Ёд дорам, ки соли 2015, пас аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз сӯйи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим ва ошкор шудани даста ТТЭ ҲНИ дар ин амали нангин, аъзо ва пайравони Ҳизби наҳзати ислом тавассути расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ расман баромадҳо карда, аз узвияташон дар чунин ҳизбе, ки хиёнат ба ватану миллатро раво дидааст, безорӣ нишон доданд. Садҳо аъзои расмии ҲНИ он замон амалҳои роҳбарияти ин ҳизбро маҳкум намуда, изҳори пушаймонӣ карданд, ки аз ноогаҳӣ ба ин ташкилот аъзо шудаанд. Онҳо иқрор мекарданд, ки ҲНИ сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ва ҳизби вайронкору фиребгар буда, роҳбарияти ин ташкилот ҳар кореро анҷом медиҳад, баҳри манфиати шахсии худ мекунад. Бинобар ин, нозарур будани онро барои Тоҷикистон талқину талаб намуданд.
 Суди Олии ҶумҳурииТоҷикистон ҳам, бинобар даст доштани ҲНИ дар даҳҳо ҷинояти вазнин, инчунин ба фаъолияти террористию экстремистӣ машғул будани роҳбарият ва аъзои он, ин ҳизбро ғайриқонунӣ эълон ва фаъолияташро расман манъ кард.
Аммо имрӯзҳо мебинем, ки М. Кабирӣ ва чанде аз пайравони нохалафи ӯ дар хориҷи кишвар бо ташкили ба ном «ПМТ», ки дар асл як паймони зиддимиллӣ буда, ҳамчун ниқоби навбатӣ бар чеҳраи аҳримании наҳзатиҳо истифода мешавад, баромадҳо мекунанд. М. Кабирӣ дар суҳбати якуми «рӯ ба рӯ»-яш шарманда шуд. Ӯ ба ягон савол бодалел ҷавоб нагуфт, вале шарм надошта, боз ҳам чунин «рӯ ба рӯ» суҳбат карданӣ шуд. На ин ки посух додан ба саволҳои мардум, балки ӯ ҳатто аз мубоҳиса бо Саломиддин Мирзораҳматов ва Додоҷон Атовулло барин афроде, ки тамоми фаъолият ва шахсияти муҷмалу ғаразнок будани Кабириро бо факту далел исбот кардаанд, доим фирор мекунад.
Аз дасти ТЭТ ҲНИ садҳо нафар кушта шуданд, беҳтар нест, ки Кабирӣ гуноҳи худро мардонавор иқрор намуда, комилан ин ташкилотро бандаду сидқан изҳори пушаймонӣ кунад? Албатта, чунин «ҷасорат»-ро ӯ надорад, зеро хоҷагонаш ӯро сахт гӯштоб хоҳанд дод. Ӯ, чун ҳамеша, як лӯхтак буда ва ҳамон тавр мондааст.
Шахсияти «чандпагона» будани Кабириро сиёсатшиносону одамони аҳли фаҳм барвақт муайян кардаанд. Чанд далели зер исботи  гуфтаҳост:
1. М. Кабирӣ дар як мусоҳиба иқрор карда буд, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта, ҳанӯз вақте ки ҳокимияти Шӯравӣ пойбарҷо буд, бо даъвати М. Ҳимматзода дар Душанбе маҷлиси пинҳоние барпо менамояд. Пас аз он, барои таъсис додани ҳаракати донишҷӯёни исломии СССР, ӯро ба Маскав фиристоданд. Яъне Кабириву хоҷаҳояш ҳанӯз дар солҳои 80-ум тарҳи вайрон кардани сохти конститутсиониро дар Тоҷикистон ва кулли ИҶШС-ро кашида буданд.
2. Кабирӣ дар гузашта модел ё намунаи давлатдории исломиро зиёд таблиғ мекард. Ҳатто дар мусоҳибае бо нашрияи «Фараж» чунин гуфта буд:   ояд исломдӯстӣ ва ифтихор кардан бо арзишҳои миллию мазҳабиро аз Эрон омӯзем». Аҷиб аст, чаро дидаву дониста, ки мазҳаби аксари кулли аҳолии Тоҷикистон аз мазҳаби мардуми ҶИЭ комилан фарқ мекунад, ӯ ин андешаро болои мардуми кишвар таҳмил мекард?
3. ТЭТ ҲНИ ҳамеша расидан ба қудрат ва табдил додани Тоҷикистонро ба як кишвари исломӣ ҳадаф қарор медод. Ошкоро сиёсатро бо дин омехта мекард. Аммо, ҳоло ки Кабирӣ дар Аврупо қарор дорад, муҳтавои суҳбатҳояш ба шеваи «фоҳишаҳои сиёсӣ» монанд ва комилан дигар шудааст. Ӯдигар аз дину ислом қариб ҳарфе намезанад, балки дар Аврупо зиста акнун пайгирона «демократия» ва «ҳуқуқи инсон» мегӯяд. Магар ин далели дигари ба истилоҳ «зархарид» ва манфиатҷӯ будани ӯ нест?!
4. Кабирӣ аз аҳли хиёнат будани худро, бо ин ки дар соли 2015 тамоми аъзо ва пайравонашро тарк карда, ба хориҷи кишвар фирор намуд, ба исбот расонид. Оё имрӯз шармаш намеояд аз он ки даҳҳо нафар ҷавононро аз пушти худ бурда, онҳоро бадбахт, ватангумкарда, аз пайвандон маҳрум, бадном ва ояндаашонро сиёҳ кардааст?!
Шабоҳати Ҳизби наҳзати ислом бо ташкилоти динӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсӣ тафовут доранд. Аммо ҳизби Кабирӣ, то замони аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияташ мамнӯъ эълон шудан, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аз дини ислом сӯиистифода намуда, шаҳрвандонро оид ба вазъи ҳуқуқии хеш ба гумроҳӣ мебурд. Ҷойи шакку шубҳа нест, ки «аъзо»-и ҲНИ-ро танҳо бо сӯиистифода аз номи ислом ва бо роҳи машғул шудан ба тарғиботи динӣ ҷалб мекарданд.   Онҳо ҳам на   аз барои барномаҳои сиёсии ҳизб, балки аз барои номи ислом узви ҳизб мешуданд.
Дар "Қуръон таъкид шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед». Суоли матраҳе, ки Кабирӣ ва ёронаш ҳамеша аз посух ба он парҳез мекунанд, ин аст: «Оё дар Қуръон гуфта шудааст, ки Худо бояд ҳизб дошта бошад? Дидаву дониста тафриқаандозӣ кардан аз нигоҳи ислом чӣ ҳукм дорад?»
Пӯшида нест, ки ҲНИ ҳангоми фаъолияташ дар кишвар мардуми тоҷикро ба ду қисм  ҷудо карда буд. Маҳз ҳамин ҳизби исломӣ ва дигар гурӯҳҳои тундрави ба ҲНИ монанд аст, ки тайи чанд соли охир давлатҳои шарқ дар гирдоби ҷанганд ва ҳеҷ аз ин варта берун намеоянд. Чаро ин барои онҳо дарси ибрат намешавад?
Таърих нишон дод, ки вуҷуд доштани ҳизбе, ки гӯё «ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебарад», кори бемаънӣ мебошад. Аз нигоҳи сиёсатшиносон, вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгароиҳои динӣ-таассубӣ, воқеан, хатари ҷиддӣ барои Тоҷикистон   дошт,   барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро пиёда кунанд, беҳтарин ниҳоди расмии ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ мебошанд.
Вале Кабирӣ ва пайравонаш ба хотири «ҳалол кардан»-и маблағи аз хоҷагонаш дармеёфтаро ба ҳама кор, ҳатто ба инкори арзишҳои инсониву хонаводагӣ қодир аст. Сӯистифода кардан аз номи набераи бемори 4-солааш ва ба ин васила кӯшиши бадном сохтани мақомоти давлатии Тоҷикистон, ки гӯё барои ба хориҷа сафар кардани ӯву модараш монеа эҷод мекарданд, то куҷо обрӯи Кабириро боло бурд?! Баръакс, фитрати пасти бе ин ҳам барои омма аёнашро дубора ба намоиш гузошт.
Ҳоло «ҳизб»-и Кабирӣ хонаводаӣ шудааст, яъне писару домоду хешу табори худ ва фарзандони собиқ муовинонашро дар гирди худ ҷамъ кардааст. Дигар касе дар атрофаш нест. Одамони солимфикр, рӯшанфикроне, ки дар Аврупо қарор доранд, ба ҳарфу нияти ӯву «ҳизбаш» ягон зарра эътимоду эътиқод надоранд.
Ӯ шояд ҳис кардааст, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон кайҳо ба як «ҷасади сиёсӣ» табдил ёфтаасту касе ба ҳарфу ҳиҷояш бовар намекунад, ҳатто дар қиёс мавҷудоти олам ягон арзише надорад.

 

Н. МУСТАФО,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иддаои навбатии Кабирӣ

Хабарҳо

Мусоҳибаи роҳбари наҳзатӣ – туҳматзанӣ ва худсафедкунӣ

Хабарҳо

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат