Дар як сатр
» » Мароми мо - хизмати босифати тиббӣ

Мароми мо - хизмати босифати тиббӣ

7-02-2019, 10:33

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаашон чун анъана дар бораи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, бахусус ҳаёту зиндагии мардуми Тоҷикистон фик-ру андешаҳои ҷолиб баён месозанд, ки иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар пайваста боло равад ва ба ин восита ҳаёти мардум низ тадриҷан ба беҳӣ расад.
Пайдост, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои басе муҳим ва зарурии кишвар маҳсуб меёбад. Маҳз солимии ҷомеа имкон медиҳад, ки мардум баҳри пешрафту тараққиёти кишвар пайваста меҳнати садоқатмандона бикунад ва ватани азизи худро ба ободиву шукуфоӣ бурда расонад. Мо-табибон баъди мутолиаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос ва қувваю қудрати наву тоза гирифта, нисбати корамон боз ҳам масъулияти бештареро дарк намудем.
Барҳақ бе пешбурди соҳаи тандурустӣ мамлакат инкишоф нахоҳад ёфт. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат, Президенти мамлакат доиман кӯшиш ба кор мебаранд, ки сафи табибони баландихтисос ва ботаҷрибаро зиёд намоем ва дар ҳар маҳалҳои аҳолинишин  бемористон ё марказҳои саломатӣ кушода, саломатии  мардумро ҳифз намоем.
Дар Паёми Президенти мамлакат аз ҷумла омадааст: "Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.
Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат "Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббиву санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.
Илова бар ин, дар давоми  3 соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд”.
Мо аз чунин ғамхориҳои Сардори давлат хурсандем ва чунин мададу ғамхориҳоро ҳамарӯза ҳис карда истодаем. Кӯшиш ба кор мебарем, ки то ҳадди имкон мувофиқи шароитҳои дар ихтиёр доштаамон ба мардум хизмати хуби тиббӣ расонем. Ин амал бегуфтугӯ вазифаи ҷонии мо-табибон аст. Агар вилояти Хатлонро ба назар бигирем, бемористону марказҳои саломатӣ ва дигар намудҳои муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят рӯз то рӯз беҳтару бештар  шуда  истодааст. Ин, албатта, ба фоидаи мардум аст.
Дар муассисаи ташхисиву табобатии "Даво” –и Маркази вилоят  табибону кормандони соҳаи тандурустии басе ботаҷриба кору фаъолият доранд. Мо дар он кӯшишем, ки ба беморони ба мо муроҷиат карда, пеш аз ҳама, муомилаву муносибати хуб дошта бошем. Зеро мувофиқи фаҳмиши мо ба бемор, пеш аз ҳама, муомилаи хуби табиб зарур аст, то ба саломатиаш кумаки бештаре расонида тавонем ва мо-табибон баҳри ҳамин ҳам кӯшиш карда истодаем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз баъзе камбудиҳои соҳаи тандурустӣ дар Паёмашон изҳори нигаронӣ кардаанд. Чуноне дар Паёмашон гуфтаанд: " Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасад. Аз арзу шикоятҳои  сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки  дар баъзе муассисаҳои тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад”.
Пайдост, ки сифати доруворӣ яке аз ҷиҳатҳои муҳими кори мо ба шумор меравад. Агар доруҳо бесифат бошанд, он кӯшишу талоши мо дар роҳи табобати беморон бефоида ва бенатиҷа хоҳад монд. Аз ин рӯ, аз дорусозон хоҳиш дорам, ки ба сифати доруҳои истеҳсолкардаашон диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар ҳамон сурат мо метавонем, ба таъмини саломатии мардум бештар муваффақ шавем. Мо низ дар оянда кӯшиш мекунем, ки чунин нуқсонҳоро бартарф созем ва ба мардум садоқатмандона хизмат намоем. Барои ин кор ҳама имконияту шароитҳоро дорем.
Ба хотире, ки кори соҳаи тандурустӣ боз ҳам беҳтар гардад, бояд ба тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ аҳамияти бештар дод. Маҳз тарбияи кормандони соҳаи тандурустӣ ба ин мусоидат карда метавонанд. Мо дар пайи ҳамин амал қарор дорем.
 
Абдурасул Расулов,
духтури амрози даруна ва қалб,
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи
муассисаи ташхису табобатии «Даво»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология

Ояндаамон нек аст

Ҳуқуқу амният
Роҳнамои зиндагӣ

Роҳнамои зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро меку ...

Тандурустӣ ва экология
Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо