Дар як сатр
» » Самараи умри деҳқон

Самараи умри деҳқон

6-02-2019, 20:13

Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар намоиши фурӯши ниҳолҳо баргузор гардид

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригардида дар бозори "Ҳоҷи Шариф”-и шаҳри Бохтар намоиши ниҳолҳо таҳти унвони "Самараи умри деҳқон” дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
 

Дастандаркорони чорабинӣ бесабаб маҳз ин маконро интихоб накардаанд. Дар бозори мазкур гӯшаи маҳсули дастони деҳқон, яъне фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу рустаҳои ороишӣ шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Ниҳолпарварон бемушкилӣ дар ин бозор  садҳо навъи ниҳолу гулбуттаҳоро ҳамарӯза ба фурӯш мебароранд. Дар рӯзи баргузории намоиши ниҳолҳо низ беш аз 200 навъи гулу гулбутаҳоро ба фурӯш гузошта буданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздиди ин гӯшаи зебои табиат ба масъулини бозори "Ҳоҷи Шариф” ва ниҳолпарварону соҳибкорон изҳори ташаккур кард. Навъҳои гуногуни гулу гулбутта ва ниҳолони мевадиҳанда, ороишиву нодир диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда буд. Дар саҳни дигари бозор кишоварзону дӯстдорони табиат аз 25 шаҳру навоҳӣ маҳсули дастранҷи хеш-гулу ниҳол, тухмиҳои гуногуни  маҳсулоти кишоварзиро  дар намоиши "Самараи умри деҳқон” пешкаши ҳамагон гардониданд. Раиси вилоят ба заҳмати кишоварзон ва дӯстдорони табиат аз наздик шинос гардида, ба деҳқонон баҳри рушди соҳа, интихоби навъҳои беҳтарини зироат ва гулу ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Тавре раиси вилоят зимни суханронӣ таъкид дошт, Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатиашон нисбати рушди соҳаи боғу токпарварӣ махсус таъкид карданд, ки бунёди боғу токзорҳои навро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғи интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад. Тавре ки дар ҷамъомад зикр гардид, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат нисбати рушди соҳаи боғу токпарварӣ, афзоиши истеҳсоли меваю ангур, мустаҳакам кардани иқтидори  содиротии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ аз иҷроиши барномаҳои қабулгардида, дар самти рушди боғу токпарварӣ таъкид ба миён оварда, ёдовар шуд, ки тибқи Фармони Президенти мамлакат дар вилояти Хатлон 20 ҳазор гектар боғҳои нав ва 2266 гектар токзор бунёд ёфт. Дар ин самт натиҷаҳои бадастовардаи заҳматкашони ноҳияҳои Хуросон ва Ёвон назаррасанд. Барномаи мазкур 119 фисад таъмин гардид. Чуноне ки дар ҷамъомад ироа гардид, бо ташаббуси Роҳбари давлат барномаи дигари рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 низ қабул гардида, дар шаҳру навоҳӣ амалӣ гашта истодааст.
Ҳакимзода Қурбон барои боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаи боғу токпарварӣ диққати ҳозиринро ба шаклдарорӣ, коркард, озуқадиҳӣ ва яхобмонии боғу токзорҳо равона сохт. Таъкид намуд, ки имрӯз дар ин намоишгоҳи "Самараи умри деҳқон” беҳтарин дарахтони гуногуни дорои ҳуҷҷатҳои мутобиқат ба сифат пешниҳод гардиданд. Ин имкон медиҳад, ки боз даҳҳо гектар боғу токзорҳои мевадиҳанда бунёд шавад. Ҳамзамон роҳбари вилоят аз олимону кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи зироаткорӣ изҳори сипос намуд, ки бо шароити ҳозиразамон семинарҳои омӯзишӣ доир намуда, маслиҳатҳои муфид додаанд.
Тибқи иттилои масъулини раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар ин чорабинӣ беш аз як миллион ниҳол ва гулу растаниҳои ороишӣ пешкаши харидорон гардонида  шуд.
Дар хотимаи чорабинӣ ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо супурда шуд. Табиатдӯстони шаҳри Бохтар намояндагони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ баҳри ширкати фаъолона дар чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ гардиданд.
А. САФАРОВА,
«Хатлон»
Аксбардор М. СОТИЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Самараи умри деҳқон

Самараи умри деҳқон

Арсаи кишоварзӣ

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР 98% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА