Дар як сатр
» » ВАБОИ АСРИ 20 ВА АНГЕЗАҲОИ СИРОЯТИИ ОН ДАР АСРИ 21

ВАБОИ АСРИ 20 ВА АНГЕЗАҲОИ СИРОЯТИИ ОН ДАР АСРИ 21

8-02-2019, 17:59

Дар ҷаҳони муосир тамоми ҷанбаҳои мутараққӣ дарасоси ғояҳоисирфан илмӣ бунёдӣ, орӣаз таассубу хурофот ва назари воқеъбинона ба вазъи мавҷудаасос ёфтааст. Беолоиш нигоҳ доштани фарҳангҳои суннатӣ низ омили рушду тақаддум мебошад. Пас бояд ҳармиллати соҳибтамаддун фарҳанги суннатии хешро беолоиш бипазирад ва дар асоси он насли соҳибтамаддуни миллии хешро боқӣгузорад. Нигоҳдории фарҳанги ноби якмиллат ба осонӣба даст намеояд. Тавре бузургони миллати тоҷик фарҳангва тамаддуни тоҷикиро бомасъулияти тамом тӯли давраҳои сангини таърихӣбо баҳоихуну ҷоназ вартаи оташ то имрӯз раҳонидаанд, ки боиси ифтихор аст. Илова бар ин, масири таърихии фарҳангдории тоҷикон ҳамчунин хиёнатҳорониз аз саргузаронидааст, ки сабаби шикасти равонии миллати тоҷик гаштаву миллати тоҷик эътимоди ирсии қудрати хешро аздаст дод.

Яке аз марҳилаҳоитаърихии шикасти равонии миллати тоҷик бармегардад баАморати Бухоро – даврони ҳукмронии сулолаи манғитӣ. Акнун ин Бухоро на он Бухорои даврони Сомониён буд. Ин Бухорои манғитӣбуд, Бухорои хурофот буд. Дар замони сулолаи манғития миллати тоҷик камоли беэҳтиромиро нисбати худ пай бурда буд. Тайи 200 соли сулолаи манғитӣзеҳнимардумро бағуломӣ бовар кунониданд. Кӯдаке аз оилаи тоҷик ба дунё меомад, нусхаи сарнавишти падарашро дар манзараи ғуломӣдар худ тасаввур ва қабул мекард, ки зикраш хеле дарднок аст. Барои миллат ҳуқуқ гуфтанӣ ҷузъи арзишҳоимаънавӣ вуҷуд надошт. Динро барои мардум нисбати худ ҳамсипар ва ҳам шамшер истифода ва шарҳ медоданд. Мардум ба донишҳоимаҳдуди вазъи даврони обшинаи ибтидоӣ талқин менамуданд. Воқеан,халқи тоҷик банаҷотдиҳандае ниёз дошт.

Замонаш фаро расиду бо кӯмаки артиши сурх миллат аз банди ғуломӣ вабардагӣ озод гашт вабарои поксозии сарзаминаш остин барзад. Дар ин ҳангом дастаҳоиманфиатҷӯва истисморгарони Аморати Бухоро –Амир Олимхон бороҳзанони маҳаллиаш гурӯҳҳои ғоратгари «ғазоталабон» - ро ташкил кард. Ба ин гуруҳҳои«ғазоталабон» босмачӣ номгузошта шуданд. Манфиати асосии ин босмачиҳова «ҳомиёни Ислом» гаравидан ба чунин гурӯҳҳо ин буд, ки аз маҳаллаҳоитороҷкардаи худ аз «ғанимат» - ҳо баҳрабаранд ва дарсурати «нусрат» ёфтанашон насибашон мансабҳои калон аз тарафи амири бетахташон мешуд. Инҳона ҳадафи дифоъ аз арзишҳоидинӣ балкиҳадафи дифоъ азарзишҳо нафсӣ доштан. Ҳама гурӯҳҳои босмачиёнро афроди манфиатдори ҳукумати истисморгари собиқ роҳбарӣ мекарданд. Аммо гурӯҳҳое, ки барзидди ин ҷонварони девсират муқовимат нишон медоданд, ҳама заҳматкашон ва аҳолии одӣ будан. Аксари шумораи отриядҳоимуқовиматиро дастаҳои ихтиёрии мардум, онҳоеки дар номусашон, ҷонашон, хешовандонашон ва молу амволашон таҷовуз роҳ дода шуда буданд, ташкил медод. Босмачиҳошикаст хӯрданд. Чунки афкорашон сари худашонро чу гирдоб хӯрд. Пирӯзӣнасиби мардуми заҳматкаш гашт.

Ҳоло бошад аз ҳаргӯшасару садоҳоҷиҳатидифоъ аз аъмол ва афкори шуми онҳошунида мешавад, ки хеле ҷои таассуф аст. Ворисони босмачиён имрӯз дарсимои ашхоси соҳибмаърифату ботамаддун худро мехоҳандрӯисаҳнаҳои сиёсат кашанд. Аммо асолати онҳодар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳоииртиҷоӣ ва ифротию террористӣбунёд ёфтаан. Чунин ашхос ҳолоҳамсухан аз сулҳ, субот ва некуаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқитаърихашон назар афканем, инҳоафсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд ки дар гузашта қувваи торикии аҳриман гуфта мешуданд. Ғояҳоигурӯҳҳоиифротӣ ватеррористии ТТЭҲНИ, ки пӯсти Паймони миллӣ барсар мекашад нифоқандозӣ дар миёни миллате, ки ба сахтӣ истиқлолияти ҳудудӣ вамаънавии худро касб кардааст, дар ҳоли роҳандозӣ кардан ҳаст. Намехоҳанд миллат ҷонгирад. Намехоҳандмодар бо кӯдакаш дар маҳалли зисташ озод гашту гузор намояд. Онҳонамехоҳанд зеҳнимиллати тоҷик фориғ азмавҷудияти эҳтимоли хатар бошад. Аммо муваффақ нахоҳандшуд. Ҳаргиз бадӣнекиро ғолиб наёмадааст.

 

Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кабирӣ босмачии замони муосир

Хабарҳо

ЁДЕ АЗ РОДМАРДИ ГУЛШАНИ АДАБ

Хабарҳо

Номаи амирӣ ва орзуи барқарор кардани амирсолорӣ (дар ҳошияи номаи Амир Ол ...

Хабарҳо

Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ

Хабарҳо

Босмачӣ ва манофеи миллӣ

Хабарҳо, Сиёсат