Дар як сатр
» » Пайравони Пешвои миллатем

Пайравони Пешвои миллатем

2-10-2017, 09:02

Пайравони Пешвои миллатем


Бахшида ба Соли ҷавонон, бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзҳои 28-29- уми сентябри соли равон 150 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои иштирок дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Пайравӣ аз Пешвои миллат: нақши ҷавонон дар рушди ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ ва фарҳангии кишвар» ширкат варзиданд, бо тантана пешвоз гирифтанд.

Сиёсати пешгирифтаи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон метавонад ҷомеаро бо назардошти сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавии он дар шароити ҷомеаи муосир устувор гардонида, имкониятҳои рушдёбии онро таҳким бахшад ва захираи инсонӣ ва зеҳнии давлат ва ҷомеаро поянда нигоҳ дорад.

Саёҳати ин гурӯҳи ҷавонон аз теппаи Қӯрғон оғоз ёфта, онҳо аз осорхонаи «Биби-Хонум», осорхонаи вилоятии «Авесто» ва китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳин дидан карда, аз осори ниёгони хатлонзамин маълумоти кофӣ гирифтанд.

Пайравони Пешвои миллатем

Ҳамчунин, аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа баргузории аксияи «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан шараф аст», «Танзим баракати зиндагӣ» ва «Либос ҷузъе аз фарҳанги миллӣ», дар бозорҳо ва маконҳои серодам, инчунин бо усули «Хона ба хона» ва «Рӯ ба рӯ» баргузор гашт.
Дар ин росто, иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявӣ ба аёдати хонаи пиронсолон омада, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин ба аёдати 6 тан аз собиқадорони ҷангу меҳнат ва олимони куҳансоли шаҳри Қӯрғонтеппа рафтанд.

- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳ-мон дар баромадҳояш қайд менамояд, ки ҷавонон неруи созандаву ояндасози миллат ҳастанд, - гуфт Ҳайдар Қосимов, иштирокчии конференсия. - Мо суханони Пешвои миллатро шиори ҳамешагии худ қарор додаем. Мо-ҷавонони ҳамсоли истиқлол ба ҷавонону наврасони Тоҷикистон мегӯем, ки вақти худро беҳуда сарф нанамоянд ва бештар омӯзанду ҳамеша омодаи дифои Ватани маҳбубамон бошанд.

Иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» дар назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзиданд.

Наргис Файзулоева, ки иштирокчии конференсия аст, мегӯяд: «Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ва шароиту имкониятҳои фароҳамгашта мо - ҷавононро мебояд аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо рӯҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат бандем ва созандаю бунёдкор бошем».

Пайравони Пешвои миллатем

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Пайравӣ аз Пешвои миллат: нақши ҷавонон дар рушди ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар» бо иштироки олимону муҳаққиқони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонон-неруи созанда

Ҷавонон-неруи созанда

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Қӯрғонтеппа. Баҳси ҷилавгирӣ аз ифротгароии салафӣ

Қӯрғонтеппа. Баҳси ҷилавгирӣ аз ифротгароии салафӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Конфронси илмӣ дар ДДД

Конфронси илмӣ дар ДДД

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА