Дар як сатр
» » Чоҳканҳо зери чоҳанд

Чоҳканҳо зери чоҳанд

7-02-2019, 17:05

Барои ҳар миллату ҳар як фарди худогоҳ, боору номус, худшиносии миллӣ ва истиқлолияту давлатдории хешро донистану қадр кардан, воҷиботи аввалин аст. Шукр мекунем, ки неъмати бузурги худовандӣ - тинҷу оромӣ, ободиву зебогӣ ва рӯз ба рӯз рушд ёфтани соҳаҳо дар Ватани соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаю оқилона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.
Вале, сад афсӯс, ки гурӯҳи нохалафе аз ҳамиллатони мо, таҳти роҳбарии Кабирии хоину мазҳабфурӯш бо туддае аз хокистарҳояш бо ишораву маблағгузориҳои хоҷаҳои хориҷиашон ин ҳама пешравию дастовардҳоро нодида гирифта, ба миллату Ватани хеш хиёнаткорона туҳмат мебофанду худро ҳомӣ мешуморанд. Ба замми ин бо маблағҳои ҳароми хоҷаҳои хориҷиашон даҳон мазза карда , ба худ унвон медиҳанду вазифа мебофанд. Гоҳҳо «анҷуман» меороянд, гоҳе чор-панҷ нафар шуда, «тазоҳурот» ташкил мекунанду гоҳҳо худро роҳбари ташкилоти дар ҳеҷ куҷо набуда ва ҳеҷ кас эътироф нанамудаи «паймони миллӣ» мехонанд.
Баръало маълум аст ва дар тамоми ақсои ҷаҳон ба хубӣ фаҳмидаанд, ки ҷанги бемаънии солҳои 90-ум бо хунрезию бесару сомонӣ, вайронкориву валангоркунӣ аз дасти наҳзатиҳо (ТЭТ ҲНИТ) ва ҳаминҳо барин бефаросатону душманони дохилӣ ибтидо гирифта буд. Занон, модарону хоҳарони бешавҳар, кӯдакони зиёди аз меҳри падар маҳрум, миллионҳо хисороти ҷонию молӣ ба миллати тоҷик аз қадами шуми онҳо расид.
Имрӯз ҳам аз рӯи маълумотҳои саҳеҳу равшан баръало маълум аст, ки Кабирӣ бо дигар ҳаммаслакони тиннату замирашон сиёҳ, мехоҳанд аз навсарҳоро буридаву ҷонҳои зинда зери хок шаванд, наврасону кӯдакон бесаробон монанд. Дигар ҳеҷ мақсаде надоранд. Агар ин тоифа заррае даъвои мусулмонӣ доранд, пас барои чӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои характери иртиҷоӣ доштаи террористиву экстремистӣ ва ифротӣ пайравӣ карда, кӯшиш мекунанд, бо ҳар роҳу восита Ватан, миллаташонро бадном созанд?!
Мо, миллати тоҷик таъриху фарҳанги бою ғанӣ дорем, Алҳамдуллилоҳ мусулмонему аз мазҳаби аҷдоди бузургамон Имоми Аъзам рӯҳи тоза мегирем. Ҳамаи мусулмонони кишвар, дар фазои сулҳу амонӣ ҳамаи рукнҳои дини мубини исломро ба ҷо меоранд.Масҷидҳо ба рӯи намозгузорон ҳамеша боз аст.
Вале, боиси таассуф ва аламовар аст, ки баҳри маблағҳои ҳаром ба даст овардану таъмин намудани нафси шайтонии хеш, ин касифон бар зидди миллату давлати хеш бо баромадҳои бемантиқу пур аз риёву дуруғ ҳадафҳои хоҷаҳои хориҷиашонро тобиш дода, мехоҳанд, ки обрӯи давлату миллати моро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ паст гардонанд. Ин бефаросатҳо қадре фаросат надоранд, ва намедонанд, ки мақсаду нияти нопокашон сари худашонро мехӯрад.
Даъвоҳои ин хоинони миллат ва мазҳабфурӯшон, аз ибтидо то ҳол беасос ҳаст. Онҳо худ ба манфиати тоҷикистониён чизе накардаанду намекунанд. Аз ин рӯ мебояд тамоми миллати тоҷик, ҳамватанони баору бономуси Тоҷикистон, чи дар дохилу чидар хориҷ, як дилу якҷо, барои манфиати давлату ҷомеаи навини тоҷикон, тақвияти ваҳдати миллӣ боз ҳам зичтар гардему, баҳри ободияш саҳмгузор бошем, аз адуву бадтинатон, хоину мазҳабфурӯш ва худозадаҳо Тоҷикистони биҳиштосои худро ҳифз намоем.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов,раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ

 




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Хабарҳо

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо
Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Сиёсат
Хоинони миллатро намебахшем!

Хоинони миллатро намебахшем!

Хабарҳо, Сиёсат
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо