Дар як сатр
» » КИТОБХОНА СОҲИБИ «ЧӢ? КАЙ? ДАР КУҶО?» ШУД

КИТОБХОНА СОҲИБИ «ЧӢ? КАЙ? ДАР КУҶО?» ШУД

2-02-2019, 08:30

Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар шаҳри Бохтар соҳиби чанд нусха китоби энсиклопедии «Чӣ? Кай? Дар куҷо?», ки тариқи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2016, дар ҳаҷми 248 саҳифа аз нашр баромадааст, гардид.

Т. Юсупова, сарвари Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки китоби «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» мададгори кӯдакону наврасони кунҷков буда, барои мутолиа ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад. «Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад. Аз қабили чаро рӯз ба шаб табдил меёбад ва ситораҳо медурахшанд? Чаро барфу борон ҳарду аз осмон меборад, вале яке моеъ асту дигаре не? Ба ҳамин тартиб, ҳазорҳо суолу пурсиш вуҷуд дорад, ки бидуни раҳнамое ба онҳо ҷавоб ёфтан мушкил аст», - зикр кард Т. Юсупова ва афзуд, ки ҳамакнун хонандагони наврас ба суолҳои худ аз ин китоб посух дармеёбанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА