Дар як сатр
» » Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

2-02-2019, 07:29

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи дастгиршавии як зани 40-сола дар шаҳри Бохтар бо гумони қаллобӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи зодаи ноҳияи Рашт, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ боздошт гардид. «Номбурда моҳи июни соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Бохтар, даромада, аз ӯ маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 73 ҳазору 380 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад», - зикр кард манбаъ.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти «генерал»-и мардумфиреб дар Бохтар

Боздошти «генерал»-и мардумфиреб дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА