Дар як сатр
» » БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1-02-2019, 10:27

26 январ дар шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ А. Раҳмонзода бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон А. Қурбонзода, масъулони дигари шаҳру минтақаи Кӯлоб ва як қатор соҳибкорон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Тавре ки аз бахши матбуотии шаҳрдории Кӯлоб ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, дар ҷаласа рафти корҳои сохтмонии иншоотҳо дар шаҳр, муқаррар намудани муҳлати баистифодадиҳии онҳо, таҳияи албоми иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тартиб даровардани назди биноҳои кӯчаи протоколӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани шароити истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр таъмиру азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ, 3 боғи фарҳангӣ ва гулгаштҳо дар соли 2019 ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз шудаанд. Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ вазифадор карда шуданд, ки лоиҳаи ангоравии 766 иншоотеро, ки тибқи нақша, то соли 2021 барои бунёд, таъмиру азнавсозӣ тасдиқ шудааст, пешниҳод намоянд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Фарҳанг ва адабиёт

«Радиои Кӯлоб» - расонаи нави иттилоотӣ

Хабарҳо
Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари гурӯҳҳои кории ҳукумати кишвар ба вилояти Хатлон

Сафари гурӯҳҳои кории ҳукумати кишвар ба вилояти Хатлон

Ҳокимияти давлатӣ
25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА