Дар як сатр
» » КУПРУК КАЙ ОБОД МЕШАВАД?

КУПРУК КАЙ ОБОД МЕШАВАД?

2-02-2019, 06:23

Тайи чанд сол аст, ки пули мошингард, воқеъ дар наздикии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, қисман вайрон гашта, барои ҳаёти ронандагон хавфу хатар эҷод менамояд. Вале роҳбарони ноҳия аз ихтисосдиҳии маблағи зарурию таъмири он дида чашмпӯширо афзалтар медонанд. 
Аз ин пул асосан, сокинони деҳаҳои Гулистон, Нахимов, Тут, Калинин, Ғайрат, Ленин, Баҳористон, Янгидеҳқон, Навдӣ, Озодии шарқ, Арху, Илич ва Суптропик истифода мебаранд, аммо солҳои охир рафтуои нақлиёт аз болои он мушкилтар шудааст. Зеро бинобар истифодаи тӯлонӣ ва риоя нагардидани иқтидори борбардории он оҳанҳои зери тахтасангҳои оҳану бетонӣ қат шуда, боиси валангор гардидани пул шудааст. Алалхусус нақлиёти кирокор бо истифода аз ҳамин масир ва ин купруки фурӯрафта фаровон ҳаракат карда, ҳаёти мусофиронро зери хатар мегузоранд.
Купруку роҳсозӣ кори савоб аст, аммо худситоиву бемасъулиятӣ, баҳонаҷӯӣ ва айби хешро ба дӯши дигарон партофтани масъулон боиси тааҷҷуб асту бас.
Пас, чиро интизорем? Якбора сарозер шудани ин купрукро?!
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фархор. Омодагӣ ба фасли сармо

Хабарҳо
Роҳ пайвангари қавмҳо

Роҳ пайвангари қавмҳо

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Оё фурӯравии пулро интизорем? (аксу видео)

Оё фурӯравии пулро интизорем? (аксу видео)

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӣ ба доди мардуми аз сел зарардида мерасад? (видеоҳо)

Кӣ ба доди мардуми аз сел зарардида мерасад? (видеоҳо)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ноҳияи А. Ҷомӣ. Об фаровон шуд

Ноҳияи А. Ҷомӣ. Об фаровон шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА