Дар як сатр
» » «АЗ ТАЪРИХИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК»

«АЗ ТАЪРИХИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК»

2-02-2019, 08:23

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 65-умин солгарди таъсисёбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ноҳияи Темурмалик китоби нав таҳти унвони «Аз таърихи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик» интишор ёфт.

Муаллифи китоб Ҷалолиддини Сафарзод кӯшиш намудааст, ки чун мутахассиси соҳа дар асоси факту далелҳои эътимодбахш фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияро дар давраҳои гуногун таҳлил намояд. Маҷмӯаи фарҳангӣ яке аз иқдомҳои нахустини тадқиқотии фарҳангиёни музофотии кишвар мебошад.

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо бояд гузошт.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

ТАҶЛИЛИ 150-СОЛАГИИ ҲОҶӢ ҲУСАЙН ДАР КАНГУРТ

Хабарҳо
Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА