Дар як сатр
» » ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

2-02-2019, 06:20

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» баргузор мегардад.
ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАДТавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, Фестивал-озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Ба Фестивал-озмуни «Парасту-2019» бояд намоишҳои беҳтарине пешниҳод шаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 аз ҷониби театрҳои касбии ҷумҳурӣ рӯйи саҳна омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» ҳар ду сол гузаронида мешавад. Соли 2017 Шоҳҷоизаи фестивал-озмуни мазкур, ки ба 100-солагии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Туҳфа Фозилова бахшида шуда буд, насиби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоиши «Дирафши ковиёнӣ» аз рӯйи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар коргардонии Нозим Меликов гардида буд. Шоҳҷоизаи «Парасту-2015»-ро бошад, театри Хоруғ соҳиб шуда буд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мавсими нави театрӣ

Мавсими нави театрӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА