Дар як сатр
» » Қудрати мо - дар иттиҳоди мо

Қудрати мо - дар иттиҳоди мо

1-02-2019, 20:22

Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин маҳсуб ёфта, фаъолияташ ба халалдор намудани вазъи мамолики ҷаҳон нигаронида шудааст.
 
Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки сафи ин гуна гурӯҳҳои экстремистиро ҷавонони гумроҳ ташкил медиҳанд, ки онҳо саводи кофии динӣ надош-та пайрави онҳо мешаванд.
Мутаассифона, баъзе давлатҳо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро маблағгузорӣ ва мусаллаҳ мегардонанд. Аз ҷумла дар ҷумҳурии мо Ҳизби террористи наҳзати исломӣ ташкил ёфта, аз солҳои навадуми асри гузашта то ин ҷониб дар дохили ҷумҳурӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ амал мекард ва нооромиҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро бо дастгирии давлати Эрон амалӣ гардонидаанд.
Амалҳои хиёнаткоронаи ин ҳизб дар Тоҷикистон ошкор гардида, фаъолияташ дар ҷумҳурӣ қатъ карда шуд.
Тибқи гуфтаҳои Саттор Аёмиддин (бо тахалуси Мавлавӣ Аёмиддин) яке аз узви ин ташкилоти террористӣ, ки аз солҳои таъсисёбии ин ҳизб ҷавононро ба ин гурӯҳҳо шомил мекардааст, чунин мегӯяд: "Тамоми ҷангҳое, ки дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Фаластин рафта истодаанд, пуштибонашон Амрико ва Эрон мебошанд.
Ин ҳама амалҳои номатлуби гурӯҳу ҳизбҳои террористӣ бояд ба ҷавонони Тоҷикистон дарси ибрат шавад ва мо бояд иттифоқ бошем, то ба мисли солҳои гузашта фирефтаи суханони беасоси бадхоҳон нашавем. Тоҷикистонро обод намоем, аз пайи таҳсилу касбомӯзӣ шавем ва ватани азизи худро дӯст дорем. Зеро мо-ҷавонон пайравони Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
 
Акмалҷон Саидов,
донишҷӯи соли аввали ДДБ
ба номи Н. Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲНИ ИСЛОМРО БАДНОМ МЕСОЗАД

Сиёсат
Муҳоҷират ва терроризм: чӣ бояд кард?

Муҳоҷират ва терроризм: чӣ бояд кард?

Хабарҳо, Сиёсат

Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро

Хабарҳо
Хоинони миллатро намебахшем!

Хоинони миллатро намебахшем!

Хабарҳо, Сиёсат
Фирефтаи бегонагон нашавем

Фирефтаи бегонагон нашавем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо